Си Ҷинпин ба Тоҷикистон меояд.
Имрӯз нақшаҳои муштараки омодагии ҳамаҷониба ба сафари давлатии қарибулвуқӯъи раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини вазири корҳои хориҷии Чин Сун Вейдун баррасӣ карданд.
Дар мулоқот масоили таҳким ва тавсеаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин дар бахшҳои сиёсӣ, низомию техникӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ баррасӣ шуд, хабар медиҳад ВКХ.
Аз сомонаи ВКХ
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ