Марде шутурашро фурӯхт. Харидорон шутурро барои забҳ ба кушхона бурданд. Шутур ба он хона надаромад. Вай норозӣ шуда, ҳатто қадам ҳам нагузошт. Ҳама кӯшишҳо бефоида шуданд.
Шахси ботаҷриба омада соҳиби шутурро даъват кард ва гуфт, ки шутурро танҳо ӯ метавонад ба кушхона барад.
Табиист, ки соҳиби шутур омад, ресмонро дошта, оҳиста-оҳиста ба сӯйи хона кашид. Шутур ҳам оромона роҳ рафтан гирифт ва ба кушхона даромад. Қассобҳо дарҳол кордҳои худро омода карда, хостанд шутурро забҳ кунанд.
Аммо соҳиби шутур ба онҳо гуфт:
— Рафиқон! Ҳайвоне, ки ба ман бовар карда, аз паси ман меравад, чӣ гуна хиёнат кунам?! Охир ин шутур ба ман бовар кард!
Соҳиби шутур бо ризоияти онҳо пулро баргардонида, шутурро бо худ ҳамроҳ бурд. Сипас қасам хӯрд, ки ҳеҷ гоҳ ба онҳое, ки ба ӯ бовар карда буданд, хиёнат намекунад!
Ба онҳое, ки ба шумо боварӣ доранд, хиёнат накунед. Онҳоро фиреб надиҳед. Хиёнат номус, ғурур ва хорист!
МЕҲРУБОН БОШЕМ!
А.Қодирӣ