Анъанаи давлатдории тоҷикон – намунаи олии фарҳанги кишвардорӣ

Дар масъалаи фарҳанги давлатдорӣ донишмандон ва сиёсатмадорони гузашта асарҳои зиёд таълиф намуда, идораи давлатро ҳамчун санъати махсус тавсиф намудаанд. Ба андешаи онҳо тоҷикон аз зумраи миллатҳои соҳибтамаддун, дорои таърих ва фарҳанги куҳан буда, андешаи давлатсозӣ ва таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунии онҳоро башарият ҳамчун намуна истифода мебарад. 
Андешаҳои пурҳикмати ниёгони моро ҳуқуқ, сиёсат ва ахлоқ ташкил додааст, ки имрӯз низ қобили таваҷҷуҳ ва истифода мебошанд. Мутафаккирони тоҷик дар бораи сиёсатмадорони нексиришт ва фозил, ки давлатдоронро ба корҳои хайр раҳнамоӣ кунанд, аҳли ҷомеаро саодатманд намоянд, ҳамдигарфаҳмиву иттифоқро дар байни мардум густариш диҳанд, ақидаҳои солиму омӯзанда баён доштаанд. Онҳо барои ноил шудан ба ин мақсадҳо мафкураи солими созандаеро, ки дар руҳияи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ бунёд шуда бошад, шарти асосӣ медонистанд. Ин ҳақиқати таърихиро сарчашмаҳои таърихӣ ва раванди давлатсозии кишварҳои муосири имрӯза исбот намудаанд.
 
Дар воқеъ, аввалин санади ҳуқуқие, ки дарбаргирандаи манфиати умум буд, ин «Эъломияи ҳуқуқи башар»-и Куруши Кабир аст, ки аз тоҷикон дар таърих ёдгор мондааст. Ин шаҳодати он аст, ки ниёгони мо дар рушди давлатдорӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳми беназир гузоштаанд, ки барои башарият нақши мондагор доранд.
 
Дар таърихи ҳар як миллат воқеаҳое ҳастанд, ки дар роҳи ҳаёт ва инкишофи минбаъдаи ин ё он миллат омили ҳалкунандаю тақдирсоз дошта, бо гузашти солҳо аҳамият ва мақомашон бештар аён мегардад. Бинобар ин, меросбари онро зарур аст, ки онро ҳамчун манбаи худшиносӣ ва бедор намудани ҳувияти миллӣ барои насли имрӯза ва ояндааш истифода барад. Омӯзиши андешаву дастовардҳои ниёгонамон дар роҳи давлатсозӣ барои бедор сохтани худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстӣ нақши муҳим дорад. Зеро, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархуди тамаддунҳо, ғояҳои бегонапарастию амалкардҳои баъзе афроди манфиатхоҳ пояи давлати миллиро рӯз ба рӯз заифу осебпазир месозанд, ки хатарноктарин раванд дар роҳи давлатдорӣ мебошад. Дар чунин вазъият давлатҳои абарқудрат ҳадафмандона ба бегонасозии мафкураи миллатҳои дигар талош меварзанд. Чунки, танҳо дар сурати маҳв намудани  ҳисси худшиносӣ ва миллатпарастӣ метавон шуури ҷамъиятро тағйир дода, пояи давлатро заиф сохт.
 
Аз саҳифаҳои таърих иттилоъ дорем, ҳар миллате, ки ба андешаи миллӣ ҷиддӣ муносибат накардааст ва ба ташаккули шуури миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ беэътиборӣ зоҳир кардааст, давлати худро аз даст дода, ҳатто дар аксар маврид беному нишон шудааст (Сурайё Ҳакимова. Ташаккули андешаи миллӣ – асоси пояи давлатдорӣ // Ҳақиқати Суғд. Аз 24 декабри соли 2015. – №154. – С. 2). Ҷои таассуф аст, ки бегонапарастию кўр-кўрона муносибат кардан нисбат ба сулҳу суботи давлати хеш амали доимии баъзе афрод гардидааст. Имрӯз ҷавонони кишварҳои гуногун аз надоштани маълумоти кофӣ ва заифии ҳисси худшиносӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил мешаванд, ки ояндаашон норавшан аст. Бинобар ин, бедор намудани ҳисси худшиносии миллии ҷомеа яке аз роҳҳои нигаҳдории амнияти давлатӣ мебошад. 
Роҳи давлатдории миллии тоҷикон аз андешаи давлатсозӣ ва таҷрибаи гузаштаи давлатдории ниёгонамон сарчашма гирифта, бо анъана ва арзишҳои неки инсонӣ алоқаманд аст. Он хусусияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошта, дар маҷмӯъ тамоми раванд ва зуҳуроту падидаҳоеро дар бар мегирад, ки тавассути онҳо идоракунии самаранок ва ҳадафноки давлат амалӣ мешавад.
 
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки: «Омӯзиши таърих ва таҷрибаи дар тӯли асрҳо андӯхтаи миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдӯст, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ мисли обу ҳаво зарур аст» (Раҳмон Э.Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм.-Душанбе: Ирфон, 2006. – С.25.). 
 
Ин таъкидҳои созанда шаҳодати он аст, ки дар роҳи давлатсозӣ аз таҷрибаи таърихӣ ва афкори сиёсӣ-ҳуқуқии гузаштагонамон ба таври густурда истифода кардаанд ва дар заминаи он мо насли нав ба муваффақияту сулҳу суботи имрӯза комёб гардидаем. Доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ профессор С. Ятимов ба маврид баён намудаанд: «Нақди ганҷинаи идеяи Пешвои миллат сохтани давлати миллӣ аст. Ғарб маҳз тавассути фарзандони бонангу номусаш ҳанӯз чорсад сол қабл ба чунин хулоса омада буд. Ва ин шакли давлатдориро пазируфт. Онро бунёд кард. Афзалият ва самараи ин сохт дар олам маъруф гашт. Ба чунин ниҳоди сиёсии дар таҷрибаи пешқадами инсоният санҷидашуда бо заҳмат ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат дар сарзамини тоҷикон асос гузошта шуд. Он аз лиҳози ҳуқуқӣ ва воқеӣ бунёд гардид» (Ятимов С.С. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ //Амнияти ҷомеа: Фарҳанги миллӣ ва худогоҳии маънавӣ дар роҳи муқовимат бо ифротгароӣ. Мураттибон: Ф.А. Ҳодибоев, С.Х. Амаков. – Хуҷанд: «Меъроҷ», 2022. – С. З5.).
 
Афкори сиёсӣ-ҳуқуқии гузаштаи дури миллати худро омӯхтан, танҳо маълумотнома, санад ва сарчашмаи таърихӣ ҷамъ овардан нест, балки беҳтарин, шоёнтарин ва гиромитарин андешаю афкор ва рӯйдодҳои сарнавишти миллатамонро барои пойдории имрӯзу ояндаи халқ ва бунёди давлати миллӣ омӯхтан ва истифода бурдан аст. Зеро ҳастии давлати миллӣ бе омӯхтан ва фаро гирифтани арзишҳои маънавию ҳуқуқии гузаштаи хеш ва таҷрибаи таърихии худ наметавонад рушду густариш ёбад. Пешвои миллат такрор ба такрор таъкид менамоянд, ки «Тоҷикон бо вуҷуди беадолатиҳои зиёди таърих аз рисолати инсондӯстӣ ва фарҳангпарварии худ ҳеҷ гоҳ даст набардоштаанд. Балки онҳо табиатан миллати фарҳангпарвару башардӯст, созандаву бунёдгар, нексиришту заҳматкаш ва порсову маърифатпарвар буда, аслан ба ягон андешаву ақидаи ирқпарастиву инсонбадбинӣ, таассуби нажодию зӯроварӣ ва фишори сиёсию таъқиботи динӣ такя накардаанд» (Раҳмонов Эмомалӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди шашум. – Душанбе: «Ирфон», 2006, – С. 233).
 
Ниёгони мо яке аз қадимтарин тамаддунҳои ҷаҳониро офариданд, ки он дар низоми мукаммали давлатдорию идорот, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарзи оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабҳову равияҳои гуногун ва риояи оинҳои мухталифи динӣ, инчунин сохти давлатдориеро ба мерос гузоштаанд, ки ҷавобгӯи талаботи замони имрӯз мебошад.
 
Шосаидзода Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика