Маълумоти сиккашиносӣ дар маъхазҳои исломӣ

Сикка чизест, ки мо ҳар рӯз бо он сару кор дорем, вале камтар дар мавриди он медонем. Имрӯз мо инсонҳо бештар ба унвони як абзори муомилоте бо он менигарем, аммо маълумоти андаке дар бораи он надорем. Агар ба гузаштаи сикка баргардем, шоҳиди он хоҳем гашт, ки тасвирҳои рӯи он баёнгари тамаддун ва фарҳанге аст, ки риштае дар гузаштаи бисёр дури мо дорад. 
 
Сикка аз гузашта то имрӯз тафовути зиёде карда аст, чи аз ҷиҳати ҷинс сох ва чи аз ҷиҳати тарроҳӣ. Ба унвони мисол: сиккаҳо дар қадим бештар аз ҷинси филиз (метал) буд ва дар ҷое ба номи “заробхона” зарб мешуд. Вале акнун илова ба фулуз бештар аз қогаз истифода мешавад. Ва ба унвони қогазҳои қимматнок (искинос) дар ҷое ба номи “чопхона” таҳия мегардад.
 
Аз шакли зоҳирии сиккаҳо маълум аст, ки чи қадар фарҳанг ва тамаддуни ҳар давра дар рӯи онҳо таъсир гузоштааст. 
Сиккаҳо на танҳо дар умури молӣ-иқтисодӣ, балки дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум таъсири лозимаро доштаанд. 
 
Ба таври куллӣ дар ин мақола аз вожаҳои “сикка”, “маскукот” зиёд истифода гаштааст ва ин далел бар он аст, ки истилоҳи дигаре ба ҷои ин калимаҳо надоштем. Ин вожае аст, ки бештар дар даврони қадим аксар барои сиккаҳои фулузӣ ба кор бурда мешуд. Вале калимаи Пул чун як вожаи нав, барои пулҳои қогазӣ истифода мешавад.
 
Дар ин мақола кӯшидем, ки зимни муаррифии сиккаҳо аз чигунагии онҳо, ҷинс, шакл, тарҳ, навиштаҷоти рӯи онҳо ва ҳатто заробхонаҳо матолиберо ироа кунем.
Инчунин тавзеҳоте дар хусуси сиккаҳои давраҳои мухталифи исломӣ, номҳои онҳо ва вазну арзиши онҳо овардем.     
                   
Нигоҳе ба таърихи заробхонаҳо 
 
Пул ё дирҳаму динор яке аз муҳимтарин ихтирои башар ба унвони қисмати зиндагии инсон шинохта мешавад. Агар мо ба ҷомеаи имрӯза назар кунем, шоҳиди он хоҳем гашт, ки хурдтарин афроди ҷомеа пулро мешиносад,  аммо бисёре аз мо иттилооте дар бораи таърихи он надорем.  Шояд хелеҳо надонанд, ки ин мафҳуми арзишманд чи гуна то ба имрӯз омада расидааст.
 
Ҳамон тавр, ки медонем, дар замони муосир илова бар қудрати зиёде ки пул дар ҷомеаҳо дорад, хело аз инсонҳо қудрати худро ба воситаи сарвати зиёд ба даст меоваранд. Ин робитаи ногусастанӣ байни инсон ва сармояаш боис шудааст, ки бисёр аз афрод тамоми зиндагии худро барои ба даст овардани сарват мегузаронанд. Барои дарки беҳтари моҳияти пул бояд аз таърихчаи он огоҳ бошем.     
         
Пул моли махсусест, ки барои ҳамаи молҳо нақши эквивалентиро иҷро мекунад. Аз замоне ки инсонҳо аз  сохти қабилавӣ ба якҷонишинӣ  рӯй оварданд, ҳар фард дар ҷомеа барои истифодаи захираҳои табиат ва дар он асос ба вуҷуд овардани неъматҳову қонеъ намудани талаботи худ  меҳнат  мекард. Фарде гандум мекошт, то ҳосил ба даст орад, дигаре домдорӣ мекард, то сайде ба даст орад.Марҳалаи аввали тақсимоти ҷамъиятии меҳнат аз чорводорӣ ва зироаткорӣ иборат буд, ки барои мубодилаи доимӣ байни қабилаҳо шароит фароҳам меовард. Дар марҳилаҳои баъдӣ ҳунармандӣ, аз зироткори ва чорводорӣ ҷудо гашта, барои бунёд ва ташаккули истеҳсоли молӣ замина мегузорад ва ин заминае буд, ки  минбаъд   инсонҳо барои таъмини маҳсулоти мавриди ниёзи худ тасмим ба мубодилаи изофӣ бо якдигар карданд.                   
Бояд зикр кард, ки мушкилоти истифодаи ашё, маҳсулот ва   донагиҳо ба ҷои пул дар  он буд, ки ҳатто агар шумо аз моле ба унвони арзи мабдаъ низ истифода мекардед, боз ҳам арзиши дақиқи он мушаххас набуд. Вобаста ба шароит ҳама чиз дар як муомалаи қаблӣ боқӣ  намемонд. Як нафар агар боѓи себ медошт, то доду бадал кардани он хавфи вайрон шуданро дошт.
Баъд аз ташаккул ёфтани ҷамъият ва нокоромад шудани истифодаи ашё (донагиҳо), назди инсон зарурат пеш омад, ки чизеро ихтироъ кунад, то доимӣ ва вайроннашаванда бошад.  
Ҳамин мушкилот боис гардид, ки инсон санги тиллоро интихоб кард, ки беҳтарин ҷавҳарест дар рӯи замин, ҳеҷ гоҳ фосид намешавад, ҳамон қадар, ки дар зери хок монад ба асли хеш боқӣ мемонад ва агар дар оташ гудохта шавад, боз ҳам софтару пурҷилотар мегардад. 
 
Аммо инсон наметавонист порае аз тиллоро бо худ гирифта гардад то чизе бихарад,  бояд ин пораро мегудохтанд ва  бо шаклу вазни муайяне қолабрезӣ мекарданд, яъне сикка мезаданд, то дастраси оммаи мардум ва мубодилаи байни тамоми молҳо мегашт. Сикка иборат аз як тикка фулузест, ки вазн ва ченаки махсус ё муҳри касоне, ки онро зарб мекунанд, дорад.
 
Бояд қайд кард, ки аввалин сиккаҳое, ки дар дунё сохта шудаанд, ҳафт қарн қабл аз милоди масеҳ буд, ки тавассути лидиягиҳо сохта шуданд. Онҳо қавми сарватманд ва боқудрат буданд, ки дар Осиёи Хурд мезистанд. Ин сиккаҳо аввал аз ҷинси махсус, ки электрум ном дошт, сохта мешуданд. Электрум як таркиби табиие мебошад, ки 75% тилло ва 25% -и онро  нуқра ташкил мекунад. Ин сиккаҳо дар аввал бо шакл ва андозаи як лубиё буданд ва тақрибан як пули расмӣ маҳсуб мешуданд. Сипас юнониҳо ҳам бо тақлиди онҳо яне лидиягиҳо аз ин фикр истиқбол карданд ва ба сохтани  сикка шурӯъ карданд. 
 
Бад ин тартиб ҳудуди сад сол баъд бисёре аз шаҳрҳои сарзаминҳои  бузурги Юнон ва Осиёи хурд дар ҷазоири Ситсилия ва Итолиё барои худ заробхона сохтанд.   
Бо ҳамин, барои сикказанӣ амр карда мешавад ва барои шикастан ва нобуд сохтани он ҷазо муқарар карда мешавад, ки дар охир шарҳи пурраи онро меорем.
 
Вале  бо сикка задани динорҳо, ки аз тиллои холис буд  мушкилоти  ҷамъият ҳалли худро наёфт, чун сиккаҳои тиллоӣ боарзиштарин сиккаҳо ба ҳисоб мерафтанд ва  мебоист чизеро ихтироъ мекарданд,  ки арзишаш аз тилло дида пасттар бошад. Ҳамин буд, ки дирҳамҳои нуқрагин ихтироъ гардид, ки 20 – динор  арзиши 100- дирҳамро дошт ва билохира сиккаҳои мисӣ низ зарб шуданд. 
 
Зарби сикка тавассути юнониҳо 500 сол давом дошт ва румиҳо низ ин ақидаро пазируфта, 500 соли дигар зарби сиккаро иҷро карданд. 
Агар мо ба сарчашмаҳои таърихӣ ё худ Қуръони маҷид назар андозем, зикри динору дирҳам дар бисёре аз сураҳои он омадааст.  Дар мисоли зер:
(وَشَرَوْهُ بِثَمَنٍ بَخْسٍ دَرَاهِمَ مَعْدُودَةٍ وَكَانُوا فِيهِ مِنَ الزَّاهِدِين ) 
(Ва шаравҳу би саманин бахсин дароҳима маъдудатин).
сураи Юсуф, ояти 20.  
(Ва Ӯ “Юсуф” -ро бо чанд  дирҳами  ночизе, яъне бо баҳои андаке  фурӯхтанд).
 
Дар  бисёре аз сарчашмаҳои арабӣ зикр гардидааст, ки динор аз румиҳост ва дирҳамҳо моли форсҳо, аммо ин гуфтаҳо чандон ба ҳақиқат дуруст намеояд, зеро дирҳам аслаш иғриқӣ ва аз решаи “дарохма” гирифта шудааст. Чун арабҳо динори заҳабии румӣ ва дирҳамҳои нуқрагии сосонии форсиро истифода мекарданд, гумон доштанд, ки динор муомилоти пули рум ва дирҳам аз аҳли Форс аст.  
 
Бояд гуфт, ки осори илмии олимони  асримиёнагӣ  муҳимтарин сарчашмаи таҳқиқи таърихи сиккаҳои исломӣ мебошад. Сиккаҳо дар адабиёти илмӣ ва таърихӣ, ба таври зерин ифода ёфтаанд.
 
“Сиккаҳои исломӣ”, “сиккаҳои арабӣ” “сиккаҳои куфӣ” “сиккаҳои шарқӣ” ва “сиккаҳои мусалмонӣ”.
Арабҳо то замони Абдумалик ибни Марвон аз  дирҳамҳои сосонӣ - форсӣ ва румӣ  истифода мебурданд ва дар замони Абдумалик ибни Марвон  аввалин маротиба динору дирҳам сикка зада шуд ва дар рӯи онҳо навиштаи “Аллоҳу Аҳад” нақш баста буд. Лекин Мақризӣ ин суханро, ки арабҳо то замони Абдумалик ибни Марвон сиккаҳои худро надоштанд, рад мекунад. 
 
Китоби “Футуҳу-л-булдон”-и Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир ибни Довуд  Балозурӣ (ваф соли 892) аз ҷумлаи осори муҳими илмии асри 9 буда, он нахустин асари боэътимоди ба юришҳои арабҳо бахшидашуда маҳсуб меёбад, ки дар он ҳодисаҳои таърихӣ аз соли 622 ҳиҷрӣ то солӣ 869 ҳиҷрӣ инъикос шудаанд. Ҳарчанд мавзуи марказии асари мазкур кишваркушоии мусалмонон аст, аммо Балозурӣ дар он як фаслро ба таърихи сиккаҳои исломӣ бахшидааст. Ба андешаи шарқшиноси шинохта Ғолиб Ғоибов “Балозурӣ” шакли таҳрифшудаи номи деҳаи Балодури Баѓлони Тахористон мебошад.
 
Асари мавсуф ҳанӯз дар асрҳои миёна мавриди истифодаи таърихнигорони дигари Шарқ қарор гирифт, дар Ғарб онро ҳамчун муҳимтарин сарчашмаи таҳқиқи кишваркушоиҳои арабҳо бори аввал дар асри 19 шарқшиноси ҳоландӣ  ГУЕ(Goeje) Михаэл Ян де (1836-1909) ба феҳристи ҷуѓрофӣ ва тавзеҳот ба нашр мерасонад. 
 
Балозурӣ дар рафти тасвири амалиёти ҳарбӣ муайяннамоии амалиёти ҷангӣ ва дигар шарту шароити ба миёнгузоштаи арабҳо нисбат ба тарафи маѓлубшуда ё ҷониби қабулкунандаи талаботи мусалмонҳо миқдори товон ва навъи сиккаҳоро зикр менамояд. Ҳамчунин, дар ин асар  ба номи “амри нуқуд” як фасли алоҳида мавҷуд аст, ки аз ин аҳамияти “Футуҳӯл-булдон” дар таҳқиқи муомилоти пули арабҳо дар давраи то пайдоиши сиккаҳои исломӣ ва таърихи сикказани ибтидоӣ мусалмонон дучанд меафзояд.
 
Аҳмади Балозурӣ тибқи анъанаи пешина, зимни тасвири таърихи сикка ва чигунагии муомилоти пулӣ қавли шахсони боэътимодро нақл менамояд. Аз ҷумла, ӯ дар ибтидои фасли ба сикка бахшидааш чунин менависад: “Ҳусайн ибн ал-Асвад аз Яҳё ибни Одам ва ӯ худ аз Ҳасан ибни Солеҳ ривоят мекунад, ки: дирҳамҳое, ки порсиён зарб мекарданд гуногун буд: кӯчак ва бузург. Гоҳ дирҳамҳое ба вазни як мисқол зарб мекарданд ва як мисқол бист қирот аст. Гоҳ дирҳамҳое ба вазни дувоздаҳ қирот месохтанд ва гоҳ ба вазни даҳ қирот, яъне ним мисқол”.  Чи тавре мебинем, Балозурӣ пеш аз тавсифи сиккаҳои исломӣ доир ба гуногун будани вазн ва ҳаҷми сиккаҳои Сосонӣ, дирҳамҳои порсиён иттилоъ додааст, ки ин бесабаб нест, зеро то асри 7 дар байни арабҳо сикказанӣ роиҷ набуд ва онҳо сиккаҳои дигарон, аз ҷумла сиккаҳои Сосониёнро истифода менамуданд.
 
 
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажущиши маъхазҳои исломӣ                                   Шокиров У. У.
Яндекс.Метрика