БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР. 9 нафар бонувони Маркази исломшиносӣ қадрдонӣ шуданд

7-уми марти соли равон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маросими таҷлил аз Рӯзи Модар муовинон ва ҳайтаи корманадони Марказ иштирок доштанд.

Нахуст, муовини директори Марказ Ваҳобзода Абдураҳмон нақши Зан-Модарро дар баробари тарбия намудани фарзандон дар рушду нумуъ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангу тандурустӣ хуб арзёбӣ намуда, дар симои онҳо ба тамоми модарони тоҷик саломатӣ, умри бардавом ва хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Сипас, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ дар бораи гиромидошти Рӯзи Модар иброз дошт, ки: “Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки “Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модарон, яъне 8-март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону ҳоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем....То вақте, ки ҷон дорем, то вақте, ки нафас боқист, ғамхорӣ кунед, меҳрубон бошед!”.

Мавсуф қайд намуданд, ки “Гиромидошти рӯзи Модар, рӯзи фариштаи осмонист, ки Худованд ба ҳар инсоне дар рӯйи замин ҳадя карда аст. Модар будан сахтарин ва пурмашаққатирин вазифа дар дунё мебошад. Дар баробари ҳамаи машаққатҳо модар танҳо аз фарзанд эҳтиром, муҳаббат ва самимиятро интизор аст. Модар дар тӯли умр ҳамеша дуогӯи фарзанд аст”.

Дар идомаи чорабинӣ 9 нафар занону модарони Маркази исломшиносӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика