7 СОЛ ПЕШ

14 ноябри соли 2016 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, вазъи ҳуқуқӣ, салоҳият ва дигар самтҳои фаъолияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонунҳои конститутсионӣ муайян мекунанд.
Ҷиҳати амалӣ намудани ин тағйиру иловаҳо бо пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»- ро дар таҳрири нав қабул карда, 8 ноябри соли 2016 онро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ намуд.
Қонуни мазкур аз муқаддима ва 19 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад.
Аз саҳифаи Ахбор барои афкор

Таҳиякунанда:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика