Ҷаласаи муколамаи марказҳои таҳлилии кишварҳои “Ҷануби ҷаҳонӣ” оғоз ёфт

Дар заминаи таҳкими ҳамкориҳои сатҳи баланди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ҳизби Коммунистии Хитой, аз 1-ум то 8-уми ноябри соли равон ҳайати намояндагони сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ба Ҷумҳурии халқии Хитой сафар намуданд.

Нахуст, ҳайати расмиро котиби кумитаи ҳизбии музофоти Футсзян, губернатори Ҳукумати Халқии музофоти Футсзян чаноби Чжао Лонг ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот, аз фаъолияти судманд ва ҳамкориҳои пайвастаи ҳизбӣ, табодули таҷрибаи корӣ ва нақшаҳои оянда баҳри пешбурди фаъолияти созанда ибрози андеша намуданд.

Рӯзи дуюми сафар мувофиқи барнома ҷаласаи нахустини муколамаи марказҳои таҳлилии кишварҳои “Ҷануби ҷаҳонӣ” бо иштироки намояндагони 51 кишвари дунё оғоз ёфт. Бояд зикр намуд, ки мафҳуми муколамаи марказҳои таҳлилии кишварҳои “Ҷануби ҷаҳонӣ” як лоиҳаи сиёсиест, ки аз ҷониби ниҳодҳои пешрафта дар майдони мубоҳисаҳо дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла ҳудуд, сиёсат, ҷомеа, таҳқиқоти баъдимустамликавӣ ва ғайра сурат мегирад.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни суханронӣ зикр дошт, ки нишасти мазкур барои муҳокима, дарёфи нуқтаҳои умумӣ дар вазъияти тазоди низои ҳарбӣ дар Шарқи Наздик ва таҳримҳои мураккаби мамлакатҳои Ғарб хеле бамаврид аст.

Таъкид намуд, ки стратегияи мазкур бояд бо ҳадафҳои мушаххас, ки ба пешгирии хатарҳо, мубодилаи таҷрибаҳои ояндадор байни кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққӣ барои аз байн бурдани камбизоатӣ ва кушодани роҳ ба шукуфоӣ ва дурнамои мусоид барои тамоми кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд, мутобиқ карда шавад. Он бояд соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва техникиро фаро гирад, ки мумкин аст дар заминаи дуҷониба, минтақавӣ ё байниминтақавӣ амалӣ гарданд.

Дар идома ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон иштирокчии фаъоли лоиҳаи “Ташаббуси як камарбанд ва як роҳ” барои эҳёи Роҳи бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ буда, айни замон корҳо оид ба ифтитоҳи долони бисёрҷанбаи Тоҷикистон – Узбакистон – Туркманистон – Эрон – Туркия идома доранд, ки ба кишварҳо имкон медиҳад, то ба бозорҳои Аврупо ворид шаванд.

Имкониятҳои азиме мавҷуданд, ки бо шарикони чинӣ амалӣ хоҳанд гардид. Бояд ёдовар шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи оиннома ва барномаи худ тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи байналмилалиро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба роҳбарӣ гирифта, ҷонибдори тамаддунҳо ва дидгоҳҳо ва дастовардҳои мақсадноки ҷомеа, муқобила ва маҳкум намудани ҳар гуна низоъҳои қавмӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла радикализм, ифротгароӣ ва терроризм мебошад, зикр намуд, - Абдуҷаббор Азизӣ.

Манбаъ: http://hkhdt.tj/news-single/2072

Яндекс.Метрика