Ҳар касе дар ҳарами васли ту маҳрам нашавад,
Ҳар Бироҳим ба даргоҳи ту Адҳам нашавад.
Мард то рўй наорад зи ду олам ба Худой,
Мустафовор гузини ҳама олам нашавад.
Қалъаи дин накунӣ бе мадади дилҳо фатҳ,
Лашкарат гар набувад, мулк мусаллам нашавад.
То мушарраф нашавад банда ба султонсифатон,
Ҳаргиз андар назари халқ мукаррам нашавад.
Дили ушшоқ маёзору зи ҷон узр махоҳ,
Ки мудовои чунин реш ба марҳам нашавад.
«Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад».
Гар шикасти ту кунад қосиди бадгўй, Камол,
Дилат аз ҷо нарава донаму дарҳам нашавад.
Камоли Хуҷандӣ
Таҳиякунандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ