Берунӣ кист ?

Абурайҳони Берунӣ 4 сентябри соли 973 дар шаҳраки Коси Хоразм зода шудааст. Зодгоҳи Берунӣ дар он замон деҳаи хурдакаке буда, баъдан ба ифтихораш номи Беруниро гирифт. Берунӣ аз падару модар дар айёми тифлӣ бенасиб монда, таҳсилоти ибтидоиро дар муҳити наздикон гирифта, асосҳои илмро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Берунӣ дар яке аз ноҳияҳои Хоразм дар байни аҳли касбу ҳунар ба воя расида, мувофиқи маълумоти ибни Яқут тахаллуси «Берунӣ»-ро аз номи ҳамин ноҳия гирифтааст.

Забони модарии Берунӣ хоразмӣ буд, онро дӯст медошт ва дар китоби «Ас-Сайдана фи-т-тиб» навиштааст, ки агар пурсанд, ки «…ба кадом забон афзалият бидиҳам, ман ҳатман забони хоразмиро интихоб мекунам». Забони дуюми Берунӣ форсӣ буд, вале бештари асарҳои илмии худро ба забони арабӣ – забони илмии дар он замон роиҷ навиштааст. Ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ ба омӯхтани забонҳои дигар шуруъ намуд ва аз рӯйи маълумоти худаш забонҳои суриёнӣ, юнонӣ ва яҳудии қадимро омӯхт, ҳангоми мусофираташ дар Ҳиндустон фарҳанги ҳиндӣ ва забони санскритро низ аз бар намуд. Берунӣ дониши ҳаматарафаро дар ватанаш Хоразм, ки дар он ҷо олимони риштаҳои нуҷум, ситорашиносӣ, риёзиёт, тиб, таърих ва ғайра аз мамлакатҳои дуру наздик ҷамъ омада буданд, гирифтааст.

Дар синни 17 ба он дараҷаи илму дониш расида буд, ки бино ба маълумоти маъхазҳо, худаш ба таври мустақилона мушоҳидаҳои илмӣ мегузаронидааст.

Берунӣ устодони бузурге, ба мисли олими барҷаста Абунасри Мансур ибни Алӣ ибни Ироқ дошт, ки ба насаб бародарзодаи Хоразмшоҳ маҳсуб шуда, яке аз аввалин устодони ӯ буд. Берунӣ аз хурдсолӣ дар қасри амаки Хоразмшоҳ буда, ибни Ироқ нисбат ба пешрафти илмии Берунӣ ғамхорӣ мекард, аз лиҳози моддӣ дастгирӣ намуда, то охири умри ибни Ироқ бо меҳру ғамхории самимии ӯ фаро гирифта шудааст. Берунӣ дар 21-22-солагӣ ба ҷустуҷӯи мустақилона дар соҳаи илми ситорашиносӣ пардохта, гирифтани Офтобро мушоҳида ва барои расадбандии ситораҳо ба ихтирои устурлоб шуруъ намуд.

Мероси илмии Берунӣ бузург аст. Дар маҷмуъ ӯ дар тӯли ҳаёташ тақрибан 150 рисола навиштааст, ки ба илмҳои риёзӣ, ситорашиносӣ, ҷуғрофия, фалсафа, минералогия, таърих, мардумшиносӣ, хронология, филология ва фармакология бахшида шудаанд. Вале баъзе асарҳои нодири ин мутафаккири бузург то замони мо омада нарасидаанд. «Ҳамаи китобҳои ман фарзандони мананд ва бештари мардум ба фарзандон ва шеърҳои онҳо мафтунанд».

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика