Аксари ҷангу низоъҳо маҳз ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва ба вуҷуд оварда шудаанд...

Аксари ҷангу низоъҳо маҳз ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва ба вуҷуд оварда шудаанд...

Рушди технологияҳои иттилоотиву интернет агар аз як тараф барои башарият имкони ҳалли бисёр муаммоҳоро фароҳам оварда бошад, аз тарафи дигар дар шароити кунунӣ баъзе хатару таҳдидҳоро барои амнияти миллӣ ва суботи сиёсии давлатҳо ба вуҷуд оварда истодааст.

Таҳлили ҳодисаву равандҳои сиёсии чанд соли охири ҷаҳон собит менамояд, ки аксари ҷангу низоъҳои дар ин ё он давлат рухдода маҳз ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва ба вуҷуд оварда шудаанд.

Масалан, дар сар задани ҳодисаҳои инқилобҳои ранга, “баҳори араб”, бетартибиҳои аввали соли 2022 дар Қазоқистон ва ғайраҳо технологияҳои иттилоотӣ, интерент ва шабакаҳои иҷтимоӣ нақши асосӣ доранд.

Баъзе абарқудратҳо ба василаи гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷиноятҳое даст мезананд, ки боиси халалдор гардидани амнияти давлатҳо ва миллатҳо мегардад...

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика