Шахсе иддаъои пайғамбарӣ кард. Ӯро гирифтанд ва назди шоҳ бурданд. Аз шоҳ тақозо карданд, ки шахси муддаъиро муҷозот кунад то мояи ибрати ҳамагон гардад.
Шоҳ дид, ки он муддаъӣ марде лоғарандом ва мурданӣ аст ва ҳатто тоқати як силӣ ро ҳам надорад.
Пас бо худ гуфт: чора дар ин аст, ки бо вай ба нармӣ гуфтугӯ кунам то рози иддаъои ӯ ошкор шавад.
Шоҳ бад-ӯ гуфт: падарҷон; имрӯз субҳ чи хӯрдаӣ, ки иддаъои худойӣ ба сарат задааст?
Он шахс ҷавоб дод: агар луқмаи ноне меёфтам ва мехӯрдам ҳаргиз чунин иддаъое намекардам.
Иштиҳо дорӣ чи хӯрдӣ бомдод?
Ки чунин сармастиву пур лофу бод.
Гуфт агар нонам будӣ хушку тарӣ,
Кай куняме даъвии пағомбарӣ.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ