Салом дар луғатномаҳо ба маънии саломатӣ аз ҳар гуна айбу нуқсон, сулҳу осоиштагӣ, амну амон, дуруду таҳният аст ва азбаски Худованд ҷовидон ва пок аз айбу нуқсон аст, яке аз номҳои ӯ “Салом” аст.
Ҳар гуна изҳори муҳаббат дар оғози вохӯрӣ “дуруд” аст. Пас салом ҳамон дуруд аст, ки аз матолиби зиндагӣ ва дуои саломатӣ ва зиндагии дигарон аст, ин дуо хоҳ дар шакли “ассалому алайкум” бошад ё “ассалому алайно”. Аз ин рӯ, равшантарин намунаи дуруд салом аст.
Яке аз омилҳои муҳими одоби иҷтимоӣ салом додан ва дастфишорӣ кардан аст. Салом ва дастфишорӣ ҳам дар таълимоти динӣ ва ҳам дар ҷомеаи башарӣ нишонаи дӯстӣ ва наздикии инсонҳост.
Чун мардуми тоҷик аз қадимтарин замонҳо бо фарҳанги волои худ дар байни дигар халқу миллатҳо обрӯи хосса доштанду доранд, салом ва дастфишории ин мардум хусусиятҳои хоси худро дорад. Фалсафаи дастфишорӣ дар замонҳои қадим ин будааст, ки вақте шахсе мехоҳад ба камбағале кӯмак кунад, ба хотири ҳифзи обрӯяш тангаеро дар кафи дасташ гузошта, ба камбағал медодааст. Шояд дастфишорӣ дар фарҳанги Ғарб маънои дигар дошта бошад, аммо он чизе, ки аз урфу одатҳои дастфишорӣ дар фарҳанги мо тоҷикон бармеояд, ин аст, ки изњори меҳру муҳаббат дар амал зоҳир мешавад ва нишонаи эҳтиром низ ба шумор меравад.
Фарҳанги салом додан аз фазилатҳои инсонист ва ҳатто дар китобҳои осмонӣ низ ин калимаро вохӯрдан мумкин аст. Калимаи салом дар Қуръони карим зиёда аз чил бор зикр шудааст. Худованд бар бандагони баргузидаи худ, яъне паёмбарон салом мефиристад: “Ва салом бар фиристодагони Худо бод!” (Соффот:181), “Бар Мусову Ҳорун салом бод!” (Соффот:120), “Инҳо касоне ҳастанд, ки ба сабаби сабру таҳаммулашон дар айвонҳои биҳишт подош дода мешаванд ва дар он ҷо ба дуруду салом бо ҳам бархӯранд” (Фурқон:75), “Дар он ҷо дуояшон: “Субҳонака-л-Лоҳумма” (яъне покӣ Турост, бор Худоё) бошад ва дурудашон ба якдигар “салом” бувад ва ниҳояти дуояшон он аст, ки “ҳамд Худойрост, Парвардигори оламиён”” (Юнус:10), “Ва онон, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, ба ҳукми Парвардигори хеш ба биҳиштҳое дароварда шаванд, ки зери он ҷӯйҳо меравад, дар он ҷо ҷовидонанд, он ҷо дуои хайрашон бо якдигар “салом” аст” (Иброҳим:23), Он гоҳ, ки бар Иброҳим даромаданд, гуфтанд: “салом”: гуфт: “салом” ва ба дил гуфт: онҳо гурӯҳи ношинохта ҳастанд (Зориёт:25).
Дар ҳадисе омадааст: “Салом яке аз номҳои Худост, ки дар рӯи замин гузоштааст. Пас саломро миёни худ паҳн кунед”. Ин сухани Расули Худо (с) ба ояти 23 сураи Ҳашр ишора мекунад, ки дар он “Салом”, яке аз номҳои Худо муаррифӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки салому дуруд танҳо хоси ислом набуда, дар байни мардумон ва миллатҳои пеш аз ислом низ намунаҳои мухталифи он вуҷуд дошт. Дар баъзе оятҳои Қуръони карим тафсирҳое мушоҳида мешавад, ки ба мавҷудияти ин суннат дар миллатҳои пешин далолат мекунад, аз ҷумла: “Ва фиристодагони мо ба назди Иброҳим мужда доданд ва гуфтанд: Салом” (Ҳуд:69), «Ва салом бар ӯ дар рӯзе, ки таввалуд шуд ва рӯзе, ки мемирад ва дар рӯзе, ки зинда мешавад» (Марям:15). Ин ду оят нишон медиҳад, ки дуруд ва салом дар замони Иброҳим ва Исо вуҷуд доштааст.
Салом дар байни ҳама ҷамъиятҳо ба хотири истиқбол ва нишонаи сулҳу дӯстӣ ва ҳамчунин аз Худованди мутаъол саломатӣ хостан барои тарафи дигар аст. Худованд ба Одам (а) амр мекунад, ки ба фариштагон дуруд бифиристад. Одам (а) ба онҳо гуфт: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Сипас ба ӯ гуфт: “Ин салом барои ту ва фарзандонат то охири дунёст”.
Дар даврони ҷоҳилияти арабҳо низ як навъи дуруд маъмул будааст, ки онро достони зерин баён мекунад: Рӯзе яке аз арабҳои ҷоҳил ба ҳузури Паёмбар омад, то оятҳои Қуръони каримро бишнавад ва дар оғози суханаш чунин салом гуфт: “анъама сабоҳан (ба маънои субҳ ба хайр!)”. Паёмбар дар ҷавоб гуфт: Худованди ман дуруди беҳтаре аз ин фиристод, яъне: “Салом бар шумо”. Зеро дуруди аҳли биҳишт “ас-салому алайкум!” аст.
Ҳамчунин, салом дар аҳодиси паёмбар низ зикр гардидааст. Аз љумла, дар ҳадисе мефармояд: Эй Анас ба ҳар касе, ки вомехӯрӣ, салом деҳ, то Худо хайратро афзун гардонад ва дар хонаат низ салом деҳ, то Худо неъмататро афзун гардонад”.
Аз Анас ибни Молик ривоят аст, ки: Расули акрам дар роҳ ба чанд кӯдак вохӯрд, ба онҳо салом доду таом дод. Яке аз хислатҳои матлуби Паёмбари ислом ин буд, ки ӯ ба хурду бузург салом медод.
Ин хислат дар мардуми шарифи тоҷик аз қадимулайём буд ва то имрӯз дида мешавад, зеро салом додан ба кӯдак ду таъсири равонӣ дорад: аввал, хислати писандида ва хоксории саломдиҳандаро қавӣ мегардонад, дуюм, шахсияти кӯдакро баланд бардошта, дар ӯ мустақилият эҷод мекунад. Агар калонсолон ба кӯдак салом диҳанд ва ӯро эҳтиром кунанд, ӯ ба салоҳияти худ бовар мекунад ва боварӣ дорад, ки одамон нисбати ӯ ғамхорӣ мекунанд. Ин ҷо пешниҳоди баъзе аз тавсияҳои амалии ин фарҳангро мувофиқ ба риояи одоби иҷтимоӣ меҳисобем.
1.Ҳангоми салом кардан ба чеҳраи ҳозирин нигоҳ карда, бо табассум бояд салом дод;
2.Дар фарҳанги мардуми тоҷик дастфишории мард бо зан аз рӯи одоб набуда, салом додан тавассути даст рӯи қафаси сина ба манфиати тарафайн ва риояи одоби иҷтимоӣ хоҳад буд;
3.Бо вуљуди он, ки аввал шуда салом додан беҳтар аст, бояд хурдсол салом диҳад;
4.Ҳангоми салом кардан ва дастафшондан бояд аввал калонсол даст дароз кунад, на хурдсол;
5.Пас аз салом, бояд мухтасар аз мухотаб аҳволпурсӣ шавад;
6.Ҳангоми салому алайк беҳтар аст калимаҳои тоҷикӣ (дуруд бар шумо, сулҳу осоиштагӣ...) истифода шавад, чун аз касрати истифодаи ингуна вожаҳо омма низ маънои калимаи салому алайкро мефаҳмад;
7.Вақти салом додану аҳволпурсӣ кардан ба ҷои ҳаракати забон сар ҷунбонидан аз рӯи одоб нест, зеро ин кирдор як навъ беэҳтиромист;
8.Саломи дуру дароз низ лозим нест, чун вақти худ ва дигаронро мегиред;
9.Агар салом карданӣ бошеду дастонатон тар бошад, ҳаргиз даст надиҳед, узр пурсед ва эҳтиром кунед;
10.Ҳангоми фишурдани дастҳо дасти шахси дигарро хеле нарм ва оромона ва танҳо 3-5 сония афшонидан кифоя аст.
Бо ба амал баровардани ин тавсияҳо боварӣ ҳосил кардан мумкин аст, ки мо риояи одоби ҷамъиятиро ба ҷо меорем.
Садуллоев Аҳмадҷон, мутахассиси пешбари Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ