Имрӯз мо дар ҷаҳон доираи бесобиқаи паҳншавии зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро мушоҳида менамоем. Тавассути технологияи итттилоотӣ – коммуникатсионӣ ғояҳои радикалӣ дар тамоми сайёра паҳн мегарданд, ба ҳар хонадон таҳдид менамояд, кӯшиш мекунанд, ки ба шуури ҳар як ҷавон ворид шаванд. Терроризм дар қарни ХХ падидаест, ки барои тамоми инсоният, хатар дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳолатҳои пайдоиши ин падидаи номатлуб масъалаи хеле муҳим аст, ки дар натиҷаи ин омӯзиш раванди тарбияи зиддиэкстремистии ҷавонон дар муассисаҳои олии таълимӣ самаранок хоҳад буд.
Дар шароити кунунии ҷомеа саъю талошро асосан ба пешгирии экстремизм ва терроризм равона кардан зарур аст, ки таркиби муҳимми ин ҳадафро муқовимат ба идеологияи ин зуҳуротҳои номатлуб ташкил медиҳад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм ватерроризм» терроризм ҳамчун идеологияи зӯроварӣ ва таҷрибаи таъсиррасонӣ ба қабули қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии маҳаллӣ ё ташкилотҳои байналмилалии марбут ба таросонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои амалҳои зӯроварии зиддиқонунӣ муайян карда шудааст. Имрӯз зуҳуроти экстремистӣ яке аз омилҳои асосии баамаловарандаи таҳдид ба амнияти миллии кишвар маҳсуб меёбад. Мубориза алайҳи экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар марҳилаи кунунӣ ба шумор меравад. Муқовимат ба экстремизм чораҳои самаранок оид ба муқовимат ва пешгирии онро талаб мекунад, ки барои амалӣ гаштани онҳо мавҷудияти заминаҳои дахлдори ғоявӣ зарур аст. Сабабҳои аввалияи ҳамаи муамоҳои муҳимми тарбияи зиддиэктремистӣ ва зиддитеррористии ҷавононро дар системаи асосҳои контсептуалии муқовимат ба идеологияи экстремизм ва терроризм бояд ҷуст. Бешубҳа, пешгирии зуҳуроти экстремизм – ин проблемаи байнинизомӣ ва байниидоравӣ маҳсуб меёбад. Неруи мураттаб ва муназзами давлат ва ҳамаи институтҳои ҷомеаи мо алайҳи идеология ва амалияиэкстремизм ва терроризм зарур аст.
Ҳадафи асосии корҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии идеологияи экстремизим ва терроризм дар байни ҷавонон тағйироти ҷаҳонбинии онҳо ба шумор меравад, ки фикри истифодаи ё эҳтимолияти истифодаи воситаҳои ниҳоӣ (радикалӣ) барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, миллӣ, конфессионалӣ, ҳудудӣ ва дигар душвориҳою зиддиятҳо комилан канда мекунад. Ташаккули идеологияе, ки метавонад мавқеи ғояҳои ба ҷамъият хатарноки экстремизм ва терроризмро аз байн бубарад – ин вазифаҳои маҷмӯӣ ба шумор мераванд, ки иҷрои онҳоро дар мавриди муттаҳид гардонидани неруи якҷояи давлат ва ҷомеа, ҳамчунин амалҳои мунтазами дар заминаи усулҳои илман асоснокшуда таъмин кардан мумкин аст.
Ҷавонон он қисмати насли ояндаанд, ки марҳилаи ташаккули масъулияти иҷтимоиро аз сар мегузаронанд. Ба ибораи дигар, марҳилаи ташаккулёбии муносибати бошуурона ба рафтори худро давраи ҷавонӣ меноманд. Ҷавононро бояд тарбия намуд, яъне, таъсиррасониро ба самтҳои мақсадноки ташаккули салоҳиятноки иҷтимоии онҳо равона кардан зарур аст. Дар робита ба ин, айни замон ташаккули донишҳои ҳуқуқии ҷавонон ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимтарин боқӣ мемонад. Ниҳодҳои асосии ҷомеа тоҷик дар доираи пешгирӣ ва огоҳонидани ҷавонон аз зуҳуроти эҳтимолии экстремизм ва терроризм дар навбати аввал муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва донишгоҳҳои олӣ маҳсуб меёбанд. Дар ҳамаи кишварҳои мутараққӣ, ки аз сиёсати анъанавии илмӣ-техникӣ ба навовариҳо мегузаранд, диққати асосӣ ба илмомӯзӣ ва маърифатнокӣ равона карда мешавад. Дар ин маврид ҳавасмандгардониҳоро на фақат барои раванди ташкили дониши нав, балки бо мақсади ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ истифода мебаранд.
Экстремизм дар миёни ҷавонон – ин зуҳуротест, ки самараи мубориза ба он дар навбати аввал аз тадбирҳои силсилавии босаводона оид ба пешгрии зуҳуроти психологӣ- педагогӣ ва иҷтимоӣ-психологӣ вобаста аст, ки ба ташаккули шуури зиддиифроти ҷавонон равона карда шудааст. Дар навбати худ, шуури зиддиифротӣ – ин ҳамзамон нишондиҳанда ва натиҷаи солимии рӯҳии шахсият ба шумор меравад. Ҷавонон аз рӯйи хусусиятҳои синну соли ба қабулу интиқоли ғояҳои ифротӣ зиёдтар сироятпазиранд. Ноустувории ҷаҳонбинӣ, камолоти нокифояи иҷтимоӣ-психологӣ, ҷаҳду талоши худбинию худхоҳи, майлу рағбат ба амалҳои таваккалӣ ва зуҳуроти шаклҳои мухталифи эътирози иҷтимоӣ ҷавононро дар муносибат ба гурӯҳҳои эктремистӣ нисбатан побанд мекунанд. Дар байни ҳама гуна омилҳои ба пайдоиш ва паҳншавии экстремизм дар байни ҷавонон мусоидаткунанда метавон чунин аломатҳои зеринро ҷудо кард, ба мисли: мавҷуд набудани рушди мунтазами мафкуравӣ, ноустувории ғоявӣ; наздик будан ба ҷинояткориҳо ва дигар зуҳуроти манфии зиддиҷамъиятию зиддидавлатӣ; мубтало гаштан ба технологияи манипулятсионии ташаккули ақидаҳо ва якрангии хулқу атвор; майлу рағбати устувор ба амалҳо ва мулоҳизарониҳои ҳардамхаёлӣ ва гармхунӣ.
Ба назари мо низ ҳолати экстремалӣ ё максимализм, асосан дар муҳити ҷавонон ба мушоҳида мерасад. Дар адабиёти илмӣ ҳамеша чунин хусусияти ҷавонон ба мисли хусусияти экстремалиро ба ҳайси сароғози ифротгароии ҷавонон номбар мекунанд. Ин яке аз тавсифотест, ки ба ҷуз аз рӯи меъёри камолот, чун қоида, ҷавононро аз дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ ҷудо мекунонад. Чунин мешуморанд, ки ҷавонон воқеияти иҷтимоиро бисёр зуд ва бе гузашт карданҳо қабул мекунанд, ки ҳолати мазкур рафтори шахси ҷавонро ба «шарту талабот»-и ахлоқию ҳуқуқии ҷомеа нисбатан кам алоқаманд мекунад. Аммо аз ҳолати экстремалӣ то ифротгароӣ инсон бояд роҳи муайянро тай намояд. Дар адабиёти илмӣ се марҳилаи гузариши ҳолати экстремалӣ ба ифротгароӣ шинохта шудааст. Марҳилаи аввал – ташаккулёбии муҳити экстремалӣ, яъне он шароити иҷтимоӣ, ки барои гузариши ҳолати экстремалӣ ба ифротгароӣ замина мегузорад. Муҳокимарониҳо оид ба чунин шароит кайҳо забонзада шудааст: шароити маънавӣ-ахлоқӣ дар ҷомеа, фосилаи намоёни фарқияти иҷтимоӣ дар байни сарватмандон ва бенавоён, ба роҳ мондани азнавсозиҳо дар соҳаи мактабу маориф ва таълиму тарбия ва ғ. Дар марҳилаи дувум, ки он марҳилаи ташкилӣ қабул шудааст, на фақат ҳамин тавр, заминаҳои ифротгароӣ, балки, аллакай, ҳолати узвият ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротиро пешбинӣ мекунад. Марҳилаи сеюм, бо номи марҳилаи фаъолиятнокӣ, аллакай давраи такмили амалҳои муайяни ифротгароиро тавсиф менамояд. Дар ҳамаи ин се марҳила нақши ташаккулдиҳандаи ин зуҳуротро Интернет мебозад, ки он метавонад тавассути ҷалби одамон ба якҷошавӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти худ ин зуҳуроти манфии иҷтимоиро тезонад ё баракс, коҳиш диҳад. Айни замон дар байни омма маълумоти пурраву равшан оид ба таснифоти зуҳуроти ифротгароӣ мавҷуд нест. Ҳамин тариқ, аз нуқтаи назари умумӣ ифротгарон – ин ҷонибдорони мафкураҳо ва тадбирҳои ниҳоӣ одатан дар соҳаи фаъолияти сиёсӣ мебошанд. Ҷомеа низоми яклухт мебошад ва ҳамаи ҷузъиёти он бо ҳам алоқаманданд. Ифротгароӣ аз худи низом, аз дохили ҷомеа месабзад, вақте ки низом чунин шароити сабзишро барояш фароҳам меорад. Ифротгароӣ омили вайронкунанда барои низом маҳсуб меёбад, барои низоме, ки ӯро тавлид мекунад, барои вайрон кардани ҳамин низоми иҷтимоӣ роҳ мекушояд. Ифротгароӣ барои фаъолияти созанда кӯшиш ба харҷ намедиҳад, низоми сифатан нав ташкил намедиҳад; ифротгароӣ барои вайронкориҳо ва несту нобуд сохтанҳо ҷаҳду талош меварзад. Вай барои сохтани низоми сифатан нав саъю кӯшиш намекунад, мафкураи худ – бозгашт ба низоми иҷтимоии сифатии мавҷударо ба намоиш мегузорад. Ифротгароӣ кӯшиш мекунад, ки низоми иҷтимоии амалкунандаро хароб карда, бад-ин восита саргумию бетартибиҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд оварад. Мавҷудияти ин ё он қонунҳои иҷтимоии ҷамъиятиро инкор карда, ифротгароӣ барои аз нав ташкил кардани ғояҳои пешина кӯшиш менамояд. Бахусус, ин мафкураи онҳо ба ифротгароии динии муосир дахл дорад, ки он ақидаи бозгашт ба «исломи пок»-ро ба миён гузошта, мақсадҳои идеологӣ ва сиёсии ба вайронкунӣ ва аз байн бурдани ҷомеаро пайгирӣ мекунад. Тағйир додани яке аз ҷузъиёти сохтори маънавии ҷомеа дар шакли ифротгароӣ ба тағйироти худи низом оварда мерасонад; ин раванд яклаҳзаина маҳсуб намеёбад; дигаргуниҳои низоми иҷтимоӣ мунтазам ғун мешаванд ва ниҳоят, ба вайрон шудани худи низом мерасонад. Низоми иҷтимоӣ дар шаклу сифати аввалааш аз кор мемонад. Барои ифротгароӣ тарҳи хос нигаҳдории саргумии иҷтимоӣ, бенизомӣ дар ҷомеа ба шумор меравад. Маҳз дар чунин шароити иҷтимоӣ-сиёсӣ ифротгароӣ арзи вуҷуд мекунад ва рушд меёбад.
Боз як омил – ин ба гирдоби душвориҳои иҷтимоӣ тела додани ҷавонон маҳсуб меёбад. Бахусус бисёр мушкилоти моддӣ - маънавӣ дар миёни намояндагони насли ҷавон пайдо мешаванд, ки онҳо соҳибмаълумот гаштаанд, вале наметавонанд ҷойи кор ёбанд; барои соҳиби ихтисос шудан маблағҳо ва вақти зиёди умри худро сарф кардаанд, вале баъдан бар хилофи орзую умедҳояшон ба аҳли хонадони худ сарборӣ гаштаанд. Маълумоти олӣ ягона орзую ҳавасҳои онҳоро ташкил медод, аммо дар шароити афзоиши шумораи хатмкунандагон, душвориҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ҳукмфармоиҳои дурушт дар ҷомеа ин орзую умедҳои онҳо барбод хоҳанд рафт.
Чунончи маълум аст, чунин ҳолат ҷалби ҷавононро ба сафи гурӯҳҳои ифротгароӣ ба бор оварда, боиси эҷоди душвориҳои ҷиддии иҷтимоӣ-сиёсӣ мегардад. Суоле ба миён меояд, ки «Чӣ гуна таъсири таҳрибкориҳоро ба рӯҳия насли ҷавони муосир кам ва ё аз байн бурдан мумкин аст?». Муҳимтарин самти пешгирикунанда инҳо ба шумор мераванд: 1. Баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон. 2. Ҳар чи зудтар бо кор таъмин кардани ҷавонони бекор ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ. 3. Ҷалби неруи бузурги ҷавонон дар сохтмонҳои бузурги кишвар. 4. Рушди фаъолнокии иҷтимоии насли ҷавон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти самарабахш тавассути ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакону наврасон. 5. Коҳиш додани заминаҳои таҳрибкорӣ дар байни ҷавонон ва ғ. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки гарави пешгирии тамоюли тахрибкори иҷтимоӣ аз ҷумла инҳо маҳсуб меёбанд: иҷтимоикунонии мусбии насли наврас ҳанӯз аз овони кӯдакии ӯ; мусоидат намудан ба ҳамкориҳои бемухолифати самарабахши байнифарҳангӣ; ҳамоҳангсозии муносибатҳои байналмиллӣ ва байниминтақавӣ; тарғиби маърифатнокӣ дар бораи моҳият, табиат ва хавфи ифротгароӣ ва терроризм; пешгирии саривақтии фаъолияти ташкилотҳои ифротгароӣ ва террористӣ; таъминоти муҳити бехатарии иттилоотӣ. Захираҳои муҳимми муқовимат ба зуҳуроти таҳрибкорӣ, ки метавонад дар ихтиёри ҷомеа бошад, инҳо аст: баланд бардоштани худшиносии ҷавонон ва таъмини ҳувияти миллии онҳо; афзун намудани майлу рағбати ҷавонон ба дастовардҳои касбӣ ва мақоми арзандаи иҷтимоӣ тавассути соҳиб шудани онҳо ба маълумотнокии босифату замонавӣ; саъю кӯшиш барои ташкили оилаҳои баркамол ва тарбияи намунавии фарзандон ва амсоли ин. Бешубҳа, ба кӯмаку дастгириҳои махсус кӯдакон, наврасон ва ҷавононе ниёзманданд, ки дар вазъиятҳои мушкили ҳаётӣ ва ҳолатҳои хавфноки иҷтимоӣ қарор доранд.
Чорабиниҳои пайдарпай ва пешгирии дар доираи муборизаи зиддиифротӣ ва зиддитеррористӣ - гарави муваффақиятҳоянд. Бешубҳа, гузаронидани чораҳои пешгирии ин зуҳуроти хавфнок дар байни ҷавонон назар ба аз байн бурдани оқибатҳои терроризм ва экстремизм аз ҳар ҷониб манфиатнок аст. Аз ин рӯ, дар бораи дар муассисаҳои олии таълимӣ фароҳам овардани фазои муносиби зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористӣ сухан рондан зарур аст, ки дар онҳо намудҳои гуногуни фаъолият - машғулиятҳои беруназдарсӣ, фардӣ-эҷодӣ, коллективӣ-эҷодӣ, иҷтимоӣ- педагогӣ, амалӣ, илмӣ-тадқиқотӣ татбиқ мегарданд. Дар ин маврид чунин намудҳои фаъоли ба ҳавасмандгардонӣ ва ба рағбатоварии фаъолнокии зеҳнӣ-эҷодӣ, худтакмилдиҳии ахлоқӣ, кайфияти рӯҳӣ дар доираи муносибатҳои байни шахсиятҳо дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунад.
Дар робита, бо неруи якҷояи педагогӣ – омӯзгории донишгоҳҳои олӣ фароҳам овардани фазои маърифатомӯзӣ, маҷмӯи имтиёзҳо дохилию берунӣ, мунтазамӣ ташкилӣ-идоракунии фаъолияти тарбиявӣ-маърифатиро ташкил медиҳад. Аммо дар қаринаи мазкур талаботи баланд бардоштани салоҳияти ҳайати таълимии донишкадаҳо дар доираи муқовимат ба ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ дар мадди аввал меистад.
Чи тавре маълум аст мавқеи асосиро дар таъсиррасонии ғоявӣ ба ҷавонон Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ишғол мекунанд, ки имкониятҳои мавҷудаи онҳо ба ҳайси воситаҳои робита барои ҳамоҳангсозии фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ, ҷустуҷӯи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, василаҳои ҷалбкунӣ ва худфиребии аъзои нави ҳаракатҳои ифротию радикалӣ истифода бурда мешаванд. Аз ин рӯ, воқеъияти нави иттилоотӣ- коммуникатсионӣ муносибатҳои навинро ба ҳамкориҳои мутақобилаи ҷавонон барои коҳиш додани таъсири манфии ин сарчашмаҳо низ тақозо менамоянд, ки онҳо ғояҳои зӯроварӣ ва оштинопазирии нажодиро тарғибу ташвиқ мекунанд.
Дар қаринаи пешгирии амалҳои экстремистию террористӣ дар байни ҷавонон проблемаи мониторинги донишҳои иҷтимоии донишҷуён дар бораи экстремизм ва терроризм нақши ҳалкунанда мебозад. Аммо раванди ташаккули донишҳои иҷтимоӣ на фақат муҳити берунии иҷтимоӣ, балки ҳамчунин шароитҳои дохилии психологиро ифода мекунад. Дар робита ба ин, зарурати ошкор намудани омилҳои иҷтимоӣ-психологӣ, ки ба қабул ва рад кардани экстремизм аз ҷониби ҷавонон мусоидат мекунанд, яқин буда, ин тадбир барои васеъ гардонидани доираи эҳтимолияти пешгӯӣ ва пешгирии фаъолшавии тафаккуру рафтори экстремистӣ дар байни ҷавонон имкон фароҳам меорад. Асоси мафкураи зиддиэкстремистии ҷавононро бояд тасаввурот дар бораи экстремизм ҳамчун зуҳуроти зӯроварӣ, хатарнок, манфӣ ва манфури ҳам ба шахсиятҳои алоҳида ва ҳам дар маҷмӯъ ба ҷамъият таҳдидкунанда, ҳамчун воситаи эътирофнашудаи расидан ба мақсадҳо ташкил диҳад.
Бояд қайд кард, ки дар шароити имрӯза сиёсати давлат фаъолона ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ба ҳаракатҳои ҷавонон дар самтҳои мухталиф равона карда шудааст. Вале ин тадбир басанда нест. Ба маъмуриятҳои муассисаҳои олии таълимӣ зарур аст, ки на фақат ҳаракатҳои донишҷӯёнро дастгирӣ намоянд, балки ҳамзамон корҳои доманадор, бисёрҷанбаро бо донишҷӯён тавсеа диҳанд, то ки ҳар нафари онҳо-ҳам донишҷӯёни нисбатан фаъол ва ҳам на он қадар фаъол ба иттиҳодияҳои донишкадавӣ ҷалб карда шаванд.
Роҳбарон, ҳайати профессорон-омӯзгорони муассисаҳои олии таълимӣ бояд масъалаҳоро оид ба тақвияти корҳои таълимию тарбиявӣ дар соҳаи маориф, ҳамчун қисмати асосии сиёсати зиддитеррористӣ ба миён гузоранд, ки онҳо ба ташаккули тафаккури зиддитеррористии донишҷӯён, мутобиқати комили иҷтимоӣ-фарҳангии онҳо, таҳияи системаи яклухти арзишҳои ҷомеаи имрӯза равона карда шудаанд. Дар заминаи чунин корҳои тарбиявӣ оид ба масъалаҳои ҳолати рӯҳии ҷавонон ҷанбаи калидӣ тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстӣ, ҳамчунин донишҳои сиёсӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад.
Маҳз ватандӯстӣ метавонад ба таҳкими шаҳрвандӣ, тақвияти давлатдорӣ ва муттаҳидии ҷомеа кумак расонад. Дар зери мафҳуми “мафкураи сиёсӣ-фарҳангӣ” қобилияти инсон ба дарку фаҳмиши зуҳуроти ҷаҳони бисёрфарҳанга фаҳмида мешавад, ки дар ин маврид инсон худро ҳамчун субъекти фарҳанг тавассути ягонагии тасаввурот ва дониш дар бораи фарҳангҳои ба худ хоси мухталиф эътироф мекунад. Дар иртибот сатҳи талабот ба муҳити иҷтимоӣ-фарҳангии муассисаҳои олии таълимӣ меафзояд, ки он бояд масъалаҳои дар донишҷӯён тарбия намудани муносибатҳои дилсӯзона ба гуногуниҳои фарҳангиро баррасӣ намуда, ҳамчунин афзалияти корҳои иҷтимоӣ-фарҳангиро муайян месозад. Тарбияи зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористии насли наврас имкон медиҳад, ки заминаҳои муҳити солимии иҷтимоӣ, фаъолияти ҳар як наврасро, ки ба принсипҳои инсондӯстӣ, эҳтироми қонун ва шахсият, муайянкуниҳои одобу ахлоқ асос ёфтаанд, бунёд гузоранд ва ташаккул диҳанд. Терроризм –ин хатари глобалӣ буда, онро давлату ҷомеа танҳо тариқи дастҷамъона метавонанд рафъ намоянд, яъне, сохторҳои давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба онҳо мактабҳои олӣ низ шомиланд, вақте ба ин мақсадҳо муваффақ мешаванд, ки дастаҷамъона, бо неруи якҷоя барои равшан кардани ақлу рӯҳи насли наврас мубориза баранд.
Хулоса, мутаассифона, маориф дар баробари тиб, фарҳанг, илм ва дигар соҳаҳои буҷетӣ кайҳо гаравгони буҳрони иқтисодӣ шудааст. Дар байни камбудиҳои муҳимтарини системаи муосири маориф, ки боиси паст будани таъсири он мегардад, инҳоро бояд қайд кард: чандирӣ ва фаъолии нокифоя бо набудани хеле назарраси мустақилият ва аз ин рӯ, маҳдуд будани фаъолияти муассисаҳои он; бартарӣ доштани фаъолияти таълимӣ бо иштироки кам дар меҳнати истехсолӣ; суст инкишоф ёфтани худидоракунӣ дар коллективҳои тарбиявӣ, ки дар натиҷаи ин қариб бисьёр масъалаҳои масъулиятнокро калонсолон, мураббиён ҳал мекунанд, талабагон бошанд фақат нақши иҷрокунандаро иҷро мекунанд; фаъолияти пасти гурӯҳҳои ҷавонон, ки аксаран дар раванди тайёр кардан ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти муассисаи таълимӣ иштирок намекунанд; иваз кардани принсипи фаъолият бо таълими шифоҳӣ, канорагирӣ аз мушкилоти воқеӣ дар назария; майл надоштан ба дигаргунихои шуур ва рафтори чавонон. Тафовути муайяни байни таҳсилоти мактабӣ ва тамоюлҳои рушди иҷтимоӣ дар ниҳояти кор ба он оварда мерасонад, ки ҷавонон ба тамоюлҳои маъмул ва мӯдшудаи ҷавонон вокуниши нокифоя нишон дода, саъй мекунанд, ки арзишҳои идеологии худро ҷорӣ кунанд ва бо ҳар кадом роҳ дар онҳо мавқеъ пайдо кунанд.
Маҳмадизода Н.Д., Котиби ҳамоҳангсозӣ Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз сомонаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳиякунанда: А.Қодирӣ