
Санаи 7 июни соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш бо сокинони Ҷамоатҳои Пилдон, Наврӯз ва Нӯрафшон суҳбату вохӯрӣ бо иштироки гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сабоҳат мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юсуфзода Файзигул сардори шуъбаи иттиҳодияи динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўоти “Ҷудошавии оилаҳои ҷавон, нарафтани духтарон ба донишгоҳҳо ва нарафтани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сабоҳат дар мавзӯи: “Ҷудошавии оилаҳои ҷавон” баромад намуд.
Дар навбати худ Юсуфзода Файзигул сардори шуъбаи иттиҳодияи динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи: “Нарафтани духтарон ба донишгоҳҳо” ибрози андеша намуд.
Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи : “ Нарафтани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба таври муфасал суҳбат намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ байни имомхатибони масҷид, донишомӯзону устодон ва дигар қишрҳои ҷомеа саволу ҷавоб сурат гирифт.
Пас, аз анҷоми мулоқот гурўҳи корӣ аз Осорхонаи таърихии кишваршиносии ноҳияи Лахш дидан намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Лахш ду осорхона мавҷуд буда, дар онҳо ашёҳои таърихии асрҳои 18 ва 19 нигоҳдорӣ мешаванд.
Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон