Осори Абдулҳайи Лакнавӣ

Яке аз бузургтарин донишмнадони муосири ҳанафимазҳаб дар қораи Ҳинд Абдулҳайи Лакнавӣ мебошад, ки то ҳол осори гаронарзишаш дар донишгоҳу донишкадаҳои улуми исломӣ ҳамчун китоби дарсӣ дарс дода мешаванд.

Ӯ таълифоти зиёди муфид дар тамоми илмҳо навиштааст, ки аз дониши бузург, андешаи комил ва манзалати бузурги ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ҳар ки асарҳои ӯро мутолиа намояд, дар ҳақиқат ин бузургиҳоро дарк мекунад. Дар ин маврид Абдулфаттоҳ Абуғуда чунин гуфтааст: “Аз тамоми китобҳои Лакнавӣ маълум аст, ки муаллиф онро бо як таҳқиқи илмии дақиқ навиштааст ва он асар иқтибосҳои нодирро дар бар мегирад, ҳатто муаллиф чизҳоеро дар асарҳояш ҷой додааст, ки то замони ӯ касе анҷом надода буд”.

Донишманди ҳиндӣ Сайид Сулаймон Надавӣ бар он андеша аст, ки ӯ аввалин нафарест, ки услуби наверо дар таҳқиқи китобҳо ва таълиқи он асос гузошт ва дар он ба ду чиз диққат дод:

1. Навиштани муқаддима дар саршавии китоб ва дар он доир ба тарҷумаҳои ҳоли нависанда ё шореҳ маълумот додан.

2. Дуюм ин ки ӯ дар таҳқиқи китоб ва таълиқи он нусхаҳои зиёди онро истифода мекард, то аз байни онҳо як нусхаи саҳеҳ ва таҳқиқшударо дарёбад.

Дар адади осори ӯ андешаҳои мухталиф ҷой доранд. Дар “Муъҷаму-л-матбуоти-л-арабия” адади таълифоти ӯро ба 26 адад, донистаанд. Закӣ Муҳаммад дар “Аълому-ш-шарқия” 44 адад, Абдулҳай ал-Ҳасанӣ дар “Нузҳату-л-хавотир” 90, шогирди Лакнавӣ Муҳаммад Ҳафизуллоҳ ал-Бандавӣ 94, шогирди дигараш Муҳаммад Абдулбоқӣ 112 китоб донистааст.

Шайх Абулҳасани Надавӣ чунин овардааст: “Адади китобҳои Алломаи Ҳинд шайх Абдулҳай ибни Абдулҳалими Лакнавӣ 110 китоб мебошанд, ки аз онҳо 86 тояш бо забони арабӣ аст”. 

Сабаби ин ихтилофҳо дар он аст, ки худи Лакнавӣ дар баъзе осораш дар бораи худ ва китобҳояш баъзан ба ихтисор ва баъзан муфассал маълумот додааст. Дар натиҷа ҳар ки осорашро мехонад, ба хулосае меояд, ки Лакнавӣ ҳамин қадар осор таълиф кардааст. Осори дигарашро нодида мегирад.

Бо вуҷуди ин ҳама метавонем бигӯем, ки Абдулҳайи Лакнавӣ яке аз донишмандони сермаҳсул ба ҳисоб меравад. Ӯ бо вуҷуди умри кӯтоҳ диданаш таълифоти зиёде намудааст. Инчунин баъзе аз таърихнигорон саҳван китобҳои падараш Абдулҳалими Лакнавиро ба ӯ нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Саркис дар “Муъҷаму-л-матбуоти-л-арабия” “ал-Баёну-т-таъҷиб фӣ шарҳи зиботату-т-тақриб” ва “ал-Қавлу-л-муҳит фимо ятааллақу би-л-иҷли-л-муаллафу ва ал-басит” аз ҷумлаи китобҳои Абдулҳайи Лакнавӣ донистааст, дар ҳоле, ки ин ду китоб ба падари ӯ Абдулҳалими Лакнавӣ тааллуқ доранд. 

Китоби машҳури дигараш “ат-Таълиқу-л-мумаҷҷад ало Муваттаи-л-Имом Молик”: Баъзеҳо онро ҳошияе бар “ал-Муватта”-и Ибни Молик хонанд. Имом Абдулҳайи Лакнавӣ дар мавриди ин китоб чунин мегӯяд: Орзуи онро доштам, ки китоберо дар илми ҳадис шарҳ диҳам ва асрори он кушоям, то боиси ризои Паёмбарамон (с) гардад, зеро ризои ӯ ризои Парвардигори оламиён аст. Шояд, ки Худованд маро аз зумраи муҳаддисон ҳамроҳи анбиё ҳашр намояд. 

“Зуфару-л-амонӣ фӣ Мухтасари-л-Ҷурҷонӣ”: Ин шарҳ бар “Мухтасар”-и Ҷурҷонӣ буда, дар он фавоиди илми усул ва ҳадис баррасӣ шудааст.

“Ҳошиятун ало-т-Тавзеҳ ва-т-Талвеҳ”: Садрушшариа Убайдуллоҳ ибни Масъуд китобе дар усули фиқҳ навишт ва онро “Танқеҳу-л-усул” номид, сипас онро шарҳ дод ва “ат-Тавзеҳ фӣ ҳалли ғавомизи-т-танқеҳ” ном гузошт. Баъд аз эшон Масъуд ибни Умари Тафтозонӣ омада, бар “ат-Тавзеҳ” шарҳ навишт ва онро “Талвеҳ” номид. Лакнавӣ бошад бар китоби “ат-Талвеҳ” ҳошия навишт. 

“Аҳкому-н-нафоис фӣ адои-л-азкор билисони-л-форис”: асари фиқҳӣ буда, Абдулҳай дар он масъалаҳоеро баён мекунад, ки ба забони форсӣ тааллуқ дорад ва дар ҷойҳои гуногуни китобҳои фиқҳӣ омадааст. Дар ин ҷо Лакнавӣ дар мавриди азон, қомат, такбир, қироати Қуръон дар намоз ва дигар масъалаҳо чун мисоли зерин баён намудааст: Агар модарам сурае аз Қуръони карим, мисол Фотиҳаро ба ман бо забони форсӣ таълим дод, пас ин дуруст аст ё не? Ё Имом дар намози ҷаноза бо забони форсӣ дуо намуд, оё ин ҷоиз аст ё не? Хулоса ҳар дуову ниёише, ки дар вақти ибодат сурат мегирад, агар он бо забони форсӣ иҷро шавад, ибодат анҷом мепазирад ё не? Абдулҳай бо такя ба осори фиқҳӣ дар ин асараш ба пуррагӣ маълумот додааст.

“Ал-Ифсоҳ  ан шаҳодати-л-маръати фӣ-л-ирзоъ”: Ин асари фиқҳӣ аз ду фасл иборат аст. Дар фасли якум дар масъалаи ҷоиз набудани қабули қавли як зан ва шаҳодати он баъд аз ақд бар ризояти домод ё арӯс ва он чӣ ба он тааллуқ дорад. Дар ин маврид ҳадисҳо ва асарҳои зиёде аз суханони донишмандон ва далелҳои фиқҳӣ овардааст.

Фасли дуюм дар мавриди адами шаҳодати як зан ва қавли он дар боби ризоят пеш аз никоҳ. Дар ин маврид низ далелҳои зиёди фиқҳӣ овардааст. Ба таври умум Абдулҳай дар ин асар дар мавриди ризояти зану мард дар никоҳ ва тариқи хондани хутба ва будани шоҳидону маҳрам маълумот додааст. Ин масъала низ имрӯзҳо хело доғи рӯз шудааст. Ҷавонон аз бобати нофаҳмӣ оиладорӣ ва никоҳро як чизӣ ночиз мепиндоранд. Дар андак мушкилот ҷудо шуда, боз муддате нагузашта пушаймон мешаванд. 

“Имому-л-калом фимо ятааллақу би-л-қироати халфа-л-имом”:  Имом ин рисоларо бар се боб ва хотима тақсим намудааст. Дар боби аввал ихтилофи саҳобаро ва онҳое, ки баъд аз эшон омаданд дар масъалаи қироат аз пушти имом овардааст. Дар боби дуюм бошад далелҳои мазҳабҳои ҳанафия, шофеия ва моликиро аз Қуръони карим, суннат, иҷмоъ ва қиёс баррасӣ намудааст.

Дар боби сеюм хулосаи таҳқиқоташро баррасӣ намуда, бар он андеша омад, ки бар муқтадӣ умуман қироат фарз нест. Дар намозҳои хуфя хондани сураи Фотиҳа мустаҳаб аст ва он тибқи мазҳаби ҳанафӣ ва моликӣ аст. Ҳарчанд, ки дар мазҳаби ҳанафӣ ин далелҳо заиф ҳастанд. Дар хотима доир ба масъалаи хондани сураи Фотиҳа дар намози ҷаноза маълумот додааст.

“Иқомату-л-ҳуҷҷа ало анна-л-иксор мина-т-тааббуд лайса бибидъа”-ро Лакнавӣ бар радди ақидаи ваҳҳобиён навиштааст. Абдулфаттоҳ Абуғуда онро таҳқиқ кардааст. Ӯ дар ин китоб менависад: Ҳеҷ вақт ашъариён ва мотуридиҳо рӯи масъалаи ихтилофӣ ҳамдигарро ба бидъат ва залолат мунтасиб накарданд, бар хилофи мутаассибони имрӯза, ки рӯйи масоили фаръӣ ва фиқҳӣ дигаронро ба бидъат ва залолат муттаҳам мекунанд. 

“Фавоиду-л-баҳия фи-т-тароҷими-л-ҳанафия”: Лакнавӣ дар ин китоб дар мавриди зиндагӣ ва осори донишмандони ҳанафимазҳаб маълумот додааст. Ӯ ҳангоми маълумот додан дар мавриди асарҳои донишмандон дар аксар маврид таъкид кардааст, ки худаш шахсан ҳамон китобро хондааст. Ӯ дар ин тазкира дар бораи 604 фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ ва ҳанафимазҳабони номдор дар таърих маълумот додааст. Маълумоти овардаи ӯ мухтасар ва муфид буда, дар ҷомеа барои шиносонидани бузургони мазҳаби ҳанафия ва кору пайкори эшон бисёр амри зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Дар умум тамоми осори Абдулҳайи Лакнавӣ дорои таҳқиқоти муҳкам ва далелҳои радношуданӣ буда, ҷавобеанд бар баъзе гурӯҳҳои ифротии навпайдо. Баррасӣ ва таҳлили тамоми осори ӯ дар як мақола амрест номумкин. Аз ин рӯ, танҳо дар мавриди баъзе асарҳои бениҳоят арзишманди эшон як маълумоти мухтасар додему халос.

 

Рамазониён А.Б. - сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика