Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳон аст!

Боиси ифтихор ва сарафрозӣ аст, ки ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона ва бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ гардид.
Қабули ин қатънома дар СММ иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имконият пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштарак андешад.
Об манбаи ҳаёт ва яке аз захираҳои асосии сайёра ба шумор меравад. Истифодаи захираҳои обӣ ва ҳифзи онҳо дар шароити тағйирёбии иқлими ҷаҳон ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисод ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Бояд қайд намуд, ки моҳи марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ карданд Пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки гармшавии сайёра ва обшавии онҳо дар баробари зиёдшави истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавондад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи қатъномаи мазкур соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, аз оғози соли 2025 баъд ҳар сол рӯзи 21 - уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Ин рӯйдоди воқеан ҳам таърихӣ бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкамтар намуда, обруву эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари башардӯст боз ҳам баландтар месозад.
Бояд қайд намоем, ки нахустин ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ҳанӯз соли 2003 қабул гардида буд. Яъне соли 2003 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон Соли байналмилалии “Оби тоза” эълон гардид. Минбаъд, солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон карда шуд. Дар ин миён, баҳри ҷалби таваҷҷуҳи тамоми кишварҳои ҷаҳон ба масъалаи норасоии оби тоза дар сайёра ва ҳамкории ҳамаҷониба дар ин самт ташаббуси нави Тоҷикистон пазируфта шуда, соли 2013 – Соли байналмилалии “Ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон гардид.
Ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, ин эълон намудани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”мебошад. Ташаббуси панҷуми Тоҷикистон, тавре дар боло зикр гардид, ба ҳифзи пиряхҳо дахл дорад, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, пиряхҳо дар баробари манбаи асосии оби тоза будан, инчунин аз аҳамияти баланди ҳаётӣ бархурдоранд ва тақдири минбаъдаи сайёра аз онҳо вобаста аст.
Бо назардошти тағйирёбии босуръати иқлим дар ҳолати ба таври дахлдор наандешидани чораҳои дастаҷамъона дар ин самт сайёра ба ҳодисаҳои фалокатбори экологӣ рӯбарӯ мегардад. Яъне ин пешниҳоди Тоҷикистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои мардуми тамоми сайёра иқдоми саривақтӣ ва наҷотбахшанда аст. Ин иқдом бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар андешаи наҷоти мардумӣ сайёра аз буҳрони навбатӣ ва хатарҳои экологӣ мебошад. Ҳамзамон, дар шароити печида ва авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ироаи чунин пешниҳод ба муттаҳид шудани мардуми ҷаҳон баҳри пешгирӣ аз мусибатҳои табиӣ, ки оқибатҳои он аз хатарҳои ҷанги нави ҷаҳонӣ камтар нестанд, мусоидат мекунад.
Яъне ин пешниҳод ва ташаббуси башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дипломатияи муваффақи эшон дар соҳаи об ва пайғоми сулҳу дӯстӣ ва иттифоқу ягонагӣ барои кулли мардуми сайёра ба шумор меравад.
Сиёсатшинос, Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика