ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: Вохӯрии кормандони Маркази исломшиносӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Рўзҳои 14 -17 феврали соли равон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки  23 декабри соли 2022  баён гардиданд, кормандони Маркази исломшиносӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ суҳбату вохўриҳо бо ҷавонон, занон, иттиҳодияҳои динӣ, кормандони мақомоти маҳаллӣ ва ҷамоатҳоро баргузор намуданд.

Бо ишора ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри 2021, ки Пешвои миллат таъкид намуд: Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид.

Зикри таъкиди Пешвои миллат аз Паём бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки то чӣ андоза мо бояд зиракии сиёсӣ дошта бошем. Зеро бархўрди манфиатҳо ҳамеша омилҳои нави муноқишаҳоро метавонад омода созад. Аммо новобаста аз ҳамаи мушкилот мо шароити фаъолияти институтҳои давлатдориро таъмин мекунем. 

Шиддат гирифтани тағйироту таҳаввулоти номатлуб дар вазъияти сиёсии ҷаҳон ва торафт хусусияти буҳронӣ гирифтани низоъҳои мазҳабӣ дар кишварҳои арабию мусулмонӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро ба масъалаи ҳаётан муҳим мубаддал сохтааст ва ҳар лаҳза мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – экстремизм, терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳушёру зирак ва дар ҳолати омодабош буданро тақозо менамояд. 

Боиси таассуф аст, ки дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон дар заминаи таъсири фаъолияти ҳизбу ҷараёнҳои тундрав дар Ховари Миёна фаъолияти экстремистию террористӣ равнақи тоза ва хусусиятҳои нав касб намуда истодааст. Дар воқеъ, ҳеҷ як гўшаи ҷаҳон имрўз аз хатари гирифтор шудан ба ҳамлаҳои террористӣ ва пайдо шудани нуқтаи доғи амали гурўҳакҳои сиёҳкор, ки ба набзи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва нуфузу эътибори байналмилалии давлатҳо зарари бузурги моддию маънавӣ ворид карда метавонанд, худро эмин шуморида наметавонад. 

Барои муборизаи беамон бурдан бо таҳдиду хатарҳои муосир, яъне экстремизм ва терроризм Тоҷикистон ҷонибдори дар як самти меҳварӣ муттаҳид сохтани саъю талошҳои байналмилалӣ мебошад, зеро сиёсати хориҷии он сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз аст. Кишвари мо ба принсипҳои эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд бартарӣ дода, хоҳони он аст, ки ҷаҳон «аз ҷангу низоъҳо, хушунату зўроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад» … 

 

Маҳрамбеков Маҳрамбек – котиби илмӣ

Яндекс.Метрика