ИМРӮЗ ГУМРУКЧИЁНИ ТОҶИК ИДИ КАСБӢ ДОРАНД
Имрӯз, 22 январ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандрни мақомоти гумрук таҷлил мегардад.
31 сол муқаддам, 22 январи соли 1992, бо таъсиси Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони вазирони ҷумҳурӣ заминаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.
Раванди барқароршавии мақомоти гумруки мамлакат ба шароити хеле мураккаб рост омад, ки бесарусомониҳои сиёсии дохилӣ ба содироти беназорати арзишҳои моддии асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро ташкилкунанда мусоидат намуданд. Дар нахустин солҳои Истиқлолияти давлатӣ мақомот, иншооти гумрукӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи гумрук қариб ки мавҷуд набуданд. Танҳо як нуқтаи гумрукии Панҷи Поён ба мерос монда буд ва беш аз 2350 километр сарҳадоти маъмурӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар чунин шароити мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 бо дастгирии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти гумрук таъсис дода шуд ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» таҳия ва тасдиқ гардид.
Қобили зикр аст, ки имрӯз мақомоти гумрук ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангии мардум, пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ, ҳифзи амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ, густариши равобити иқтисодиву иҷтимоӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, таҷдиду такмили муносибатҳои бозоргонӣ, назорат аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон нақши калидӣ дорад.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон дар соли 2022 аз ҳисоби гардиши тиҷорати хориҷӣ, аз ҷумла аз ҳисоби воридоти андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ, боҷи содиротӣ, андози аксизӣ ва аз ҳисоби воридоти ғайриандозӣ ба Буҷети давлатӣ 7410,1 млн. сомонӣ ворид кардааст, ки ин ба 114,6 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.
P.S. Аз номи аҳли эҷоди СОМОНАИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҳамаи кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистонро ба муносибати иди касбиашон самимона таҳният мегӯем.
Абдуллоҳи Қодирӣ.