Даъво кардан ба хоку замини бегона ва бо роҳи зӯрию ҷанг ғасб кардани он чи дар қавонини дунявӣ ва чи дар шариати исломию адёни дигар амали ҷиноӣ ва номатлуб маҳсуб мешавад. Қонунҳои байналмилалӣ низ ин гуна рафтори номатлуби кишварҳои ғосибро маҳкум мекунад.
Дар ин маврид дар сарчашмаҳои исломӣ ривоятҳои зиёд вуҷуд доранд. Аз ҷумла гуфта мешавад, вақте ки тарси Худо аз қалби инсон дур мешавад, онгоҳ дар андешаи ӯ қудрату тавоноӣ ва худхоҳӣ пайдо мешавад, хоҳ ҳоким бошад ва ё аз раият, онро дар ситам ва зӯрӣ бар дигарон сарф мекунад. Бо ин гуна амал соҳиб шудан ба замини дигарон ва гирифтани моли мардум аз ҷумлаи ғасб ҳисоб мешавад ва ҷазои он аз назари дини ислом бисёр сахт аст. Абдуллоҳ ибни Умар (р.) ривоят мекунад, Пайямбар (с.) фармуданд: «Ҳар шахсе, ки қитъаи заминеро бе ягон ҳақ маҷбуран бо роҳи ғасб бигирад, дар рӯзи қиёмат ба ҳафт қабати замин фурӯ бурда ҳоҳад шуд» (Ривояти Имом Бухорӣ, китобиал-Фатҳ ҷ.3.с.103). Ҳамчунин омадааст, ки «касе нишонаҳо ва аломатҳои заминро тағйир медиҳанд ва замини худро кушод мекунанд, онҳо низ дар ин ваъдаи азоб ва гуноҳ ҳамроҳ ҳастанд». Аз Имом Муслим ривоят аст, ки «Аллоҳ таъоло шахсеро лаънат мекунад, ки нишонаҳои заминро тағйир диҳад» (Аз китоби Шарҳи ан - набавӣ ҷ.15.с.141). Бе шак ин гуфтаҳо ба амали кишварҳои ғоиб ҳам дахл дорад.
Тибқи қонунҳои байналмилалӣ баъд аз он ки аз тарафи созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ва кишарҳои олам ин ва ё он давлат, дар асоси ҳудуди ҷуғрофияш, тамомияти арзии он шинохта ва эътироф карда мешад, дигар ҳеч як кишвар наметавонад даъвои соҳибият ба хоки ин кишвар дошта бошад. Дар сурати пайдо шудани чунин даъвоҳо онҳо бояд аз тариқи осоишта –гуфтугу ва якдигарфаҳмӣ ҳалли худро ёбанд на аз роҳи ҷангу ҷидол. Мутаассифона ҳалли мушкилоти марзии байни Тоҷикистону Қирғизистонро ҷониби қирғиз, новобаста аз он ки маруми тоҷику қирғиз асрҳо паҳлуи ҳамдигар зиндагӣ мекунанд, дар истифодаи қувва мебинад ва чандин бор ҳам ба марзҳои мо ҳамлаи мусаллаҳонаро анҷом дод, ки боиси марги як идда шаҳрванди тоҷик гардид. Ин амали «ҳамсоя» на ба чорчӯбаи қавонини байналмилалӣ ва на ба шариати исломӣ дуруст намеояд. Ба ҳар сурат, ба қавли маъруф анҷоми ҳама гуна низоъҳо сулҳу оштист.
Бинобар ин, мо бояд роҳи ҳалли мусолеҳатомези онро пайдо кунем ва ҳамзистию осоиштагии ду мардуми ҳамсояро таъмин намоем.
Ҷангу ҷидол ба ҷуз харобию бадбахтӣ чизи дигаре ба бор намеорад.
Бинобар ин, ҳамзистии осоишта бо ҳамсоягон замонати пойдорӣ, рушду субот, фаровонӣ ва ҳастии давлату миллати мо хоҳад буд. Ҳеч як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот баробар буда наметавонад. Сулҳу дӯстӣ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургӣ диҳад ва давлатро афзунию шуҳрат.
Таҳияи М.Шодиев