АҲАМИЯТИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ - КАМТАР АЗ ЭЪЛОМИЯИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ!

Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст.

Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи 16-ум ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш мегӯяд :«Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо истиқлолияти тоза ба даст омадаро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд». (1)

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва ҳалкунанда касб намудааст.

Баргузории Иҷлосияи мазкур – ин оғози давраи нав дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеии расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

Маҳз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири миллат ҳал шуда, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати тоҷик роҳи ояндаи неки худро оғоз намуд.

Бо шарофати ин Иҷлосияи сарнавиштсоз шаҳру деҳоти кишвари маҳбубамон рӯз то рӯз гулгуншукӯфо шуда, мардумаш бо ояндаи нек боварӣ доранд.

Сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегий - расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ, раҳойӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд ва боварии комил дорем, ки миллати тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию-иҷтимоии кишвари маҳбубамон таъмин карда мешавад.

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика