Бемураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан...

❗Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,
Саг чу шуд девона, ӯро метавон занҷир кард.
Бемураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,
Охир ин беиззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард.
Беибо натвон ба базми тундхӯён по ниҳод,
Бемуҳобо такя натвон бар дами шамшер кард.
То ба пои хум нарафтам соғарам ёрӣ надод,
Дастгирӣ бо мани афтода, рӯҳи пир кард.
Мераванд, аҳли тамаъ дар базмҳо девонавор,
Метавон дарҳои меҳмонхонаро занҷир кард.
Қомати хилватшинон мекунад кори камон,
Метавон мисвоки зоҳидро нишони тир кард.
Водии девонагӣ ҷои фароғат будааст,
Хоби роҳат пои мо дар хонаи занҷир кард.
Сайидо, музди ҳунарвар мерасад дархурди кор,
Рӯзии Фарҳодро гардун зи ҷӯи шир кард!

Бознашр аз саҳифаи
Хазинаи маърифат

Яндекс.Метрика