Шери Худову Рустами дастонам орзуст!

❗Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст.
Эй офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр,
К-он чеҳраи мушаъшаи тобонам орзуст.
Бишнидам аз ҳавои ту овози табл боз,
Боз омадам, ки соъиди султонам орзуст.
Гуфтй зи ноз: «Беш маранӌон маро, бирав»,
Он гуфтанат, ки «беш маранӌонам», орзуст.
В-он дафъ гуфтанат, ки бирав шаҳ ба хона нест,
В-он нозу бозу тундии дармонам орзуст.
Дар дасти ҳар кй ҳаст зи хубй қурозаҳост,
Он маъдани малоҳату он конам орзуст.
Ин нону оби чарх чу селест бевафо,
Ман моҳиям, наҳангам Уммонам орзуст.
Яъкубвор «во асафаҳо» ҳамезанам,
Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст.
Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабз мешавад,
Оворагй ба куҳу биёбонам орзуст.
З-ин ҳамрахони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами дастонам орзуст.
Ӌонам малул гашт зи Фиръавну зулми у,
Он нури руйи Мусии Имронам орзуст.
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,
Он ҳойҳую наъраи мастонам орзуст.
Ди шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Гуфтанд:
«Ёфт менашавад ӌустаем мо»,
Гуфт:
«Он ки ёфт менашавад, онам орзуст»..
Эй ишқ ақлро ту парокандагуй кун,
Эй ишқ, нуктаҳои парешонам орзуст.
Эй боди хуш, ки аз чамани ишқ мевазй,
Бар ман гузар, ки буйи гулистонам орзуст.
Дар нури ёр сурати хубон ҳаменамуд,
Дидори ёру дидани эшонам орзуст!
✍️Мавлоно Балхй-Румй.

Бознашр аз саҳифаи
Марвориди тоҷику форс.

Яндекс.Метрика