“Чаҳор китоб” пас аз “Қуръони шариф” дуюмин китобест, ки дар миёни мардуми мусулмони Мовароуннаҳру Хуросон шӯҳрати тамом дошт. Гуфтан кофист, ки нусхае аз он дар ҳар хонадон мавҷуд буд. Гузашта аз ин, на ҳама кас ба мутолиаи “Қуръон” қудрат дошт, вале ҳама “Чаҳор китоб”-ро ё худ қироат мекардаанд ва ё аз қироати дигарон баҳра мебардоштаанд. Аз ин сабаб дар гузаштаи наздик аксари мардуми мо онро ё ба пуррагӣ ва ё фаслу бобҳои ҷудогонаашро аз ёд медонистанд.
“Чаҳор китоб” асарест, ки дар худ баёни “мӯҷазу дилпазирӣ” асосҳои шариату тариқат, аз ҷумла фароизу суннатҳои вузӯ, ғусл, намоз, ва рӯза, маърифати имон, ислом, таҳорат ва намоз, илми чаҳоргонаи тавҳид, намоз, рӯза ва ҳайзу нифос, фароизу имон, шароит, аркон ва аҳкоми онро, ки дар он ҳамзамон бо тафаккури динӣ, тафаккури бадеӣ, илмӣ ва фарҳангии мардуми мо, ҷаҳонфаҳмию ҷаҳонбинии урфии он инъикос гардидааст. Вай китобе буд, ки мардуми мо дар тӯли садсолаҳо аз рӯйи он амал мекарданд.
Бар замми ин, “Чаҳор китоб” як пандномаи басо ҷолиб ва пурарзиш ва як намунаи насри равон ба забони форсии тоҷикӣ мебошад, ки барои фаро гирифтани дарси нотакрори зиндагӣ ва забони фасеҳу гӯё кӯмак мерасонад.
“Чаҳор китоб” тавре, ки аз унвони он ҳам бармеояд, иборат аст аз чаҳор китоби алоҳида ё қисмест, ки дар як ҷилд гирд омадааст ва табиист, ки муаллифи ягона надорад. Мувофиқи маълумоте, ки дар худи китоб омадааст, муаллифи қисми аввал худро аз Бухоро дониста, дар Хуросон касби илм намуданашро зикр намудааст. Бино ба гуфтаи ӯ санаи китоби аввал 699-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1300 масеҳист.
Ин гуна маълумот дар китоби дуюм ва сеюм мавҷуд нест. Китоби чаҳорум бо номи “Пандномаи”-и Аттор омадааст.
Гумони яқин аст, ки дар як ҷилд гирд омадани чаҳор китоб зери унвони “Чаҳор китоб” дар асри XVII сурат гирифтааст. Зеро то он сана аз мавҷуд будани чунин як китоб маълумоте нест.
Аз мутолиаи нусхаҳои “Чаҳор китоб” ва нашрҳои гуногуни он бармеояд, ки он дар ду шакл, яъне мухтасар ва муфассал, интишор шудааст.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ Исоев Н.