ҶОЙГОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ ДАР ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

Аз замонҳои қадим токунун илму маърифат ҳамчун нерӯи пурқудрат барои саодатмандии ҳаёти моддӣ ва маънавии башарият хидмати беназире анҷом додааст. Ҳаёти инсон дар рӯйи замин ба воситаи илму маърифат ва ақлу хирад ороиш ва сайқал ёфта, ба хушиҳои зиндагӣ, саодати рӯзгор мақоми шоиста ноил гаштааст. Аз ин рӯ, нишоту хуҷастагӣ, пешрафту тараққиёт ва арзишҳои маънавию фарҳангӣ ба қувваи илму маърифат ва мақому мазалати инсон алоқаманд мебошанд.
 
Илму маърифат маҳсули ақлу хиради инсонӣ ва ғояи ҳаёти одамӣ ҳамчун роҳи расидани инсон ба саодати ҷовидон аст ва маҷмуи донишҳоест, ки дорои ҷаҳонбиниву ғояи муайян дар бораи олам, табиат ва ҷамъият буда, ба маърифати наву тоза ақли инсонро ғанӣ мегардонад ва чун чароғи равшан ба шинохти ҳақиқат раҳнамун месозад.
 
Дар ҷаҳони пур аз талотум ва тағирёбандаи муосир ва бархурду ҳамгироии тамаддунҳо қудрати илму маърифат, ғояи таҳаммулпазирӣ ва ҳусни тафоҳум дар таъмини сулҳу субот ва муомилаву муносибати накӯ дар байни халқҳои сайёра нақши созанда ва аҳамияти хосса дорад. Мафҳумҳои сабру тоқатпазирӣ, таҳаммулгароӣ, масъулиятшиносӣ, сулҳу субот, некиву накукорӣ, дӯстӣ ва хайру эҳсон сифатҳои арзишманди фитрии шахсияти инсон буда, тавассути илму дониш ба дарки худогоҳию хештаншиносӣ, устуворӣ ва шукуфоии ҳаёти маънавию иҷтимоии башарият мусоидат менамояд.
 
Илму маърифат дар таълимот ва омӯзаҳои дини мубини ислом ҷойгоҳ ва манзилати хоссае дорад. Таъкидҳои пай дар пайи Қуръони карим ба илму маърифат ва зикри сифатҳои он баёнгари аҳаммияти ин асл дар дини мубини ислом мебошад. Танҳо вожаи «илм» ва муштақоти он (ба ғайр аз дигар вожаҳое, ки ба илму маърифат ва ақлу хирад далолат мекунанд) дар Қуръони карим ҳафсаду ҳафтоду нуҳ (779) маротиба зикр шуда ва нахустин паёми Худованд ба пайғамбар (с) панҷ ояти аввали сураи Ъалақ буд, ки дар онҳо далолат бар хондан, талаби илм кардан ва баҳраҷӯйӣ аз василаи китобат ва сабти он – қалам амр шудааст. Қуръон илмро сабаби бартарияти Одам (а) бар фариштагон муаррифи кардааст. (Бақара, 2: 31-33).
 
Қуръони карим дар бораи фазилати илму дониш таъкидҳои зиёде намуда, ҳамеша мақоми имл ва донишмандонро ёддоварӣ мекунад: «Бигў: «Оё касоне, ки медонанд ва касоне, ки намедонанд, баробар мешаванд? Ҷуз ин нест, ки соҳибхирадон пандпазир мешаванд» (Зумар, 39: 9), «Худованд касонеро, ки аз миёни шумо имон овардаанд ва касонеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳои баланд мебардорад» (Муҷодала, 58: 11) ва «Эй Пайғамбар, бигў: «Эй Парвардигори ман, маро илму дониш биафзой!» (Тоҳо, 20:114).
 
Қуръони карим илму маърифатро беҳтарин омили саодатмандиву хушбахтӣ ва низому пешрафти инсон шуморида, ба тафаккур ва андешидан дар падидаҳои олами офариниш ва мушоҳидаи дақиқи табиъат низ фаро мехонад. Аз хилқати инсон ва розҳои офариниши ӯ сухан мегўяд. (Ториқ, 86: 5) Ба чигуна барафрошта шудани осмонҳо ва кӯҳҳо ишора менамояд. (Ғошия, 88:18-20) Офариниши шутурро ёдовар мешавад. (Ғошия, 88: 17) Мардумро ба сайру сафар дар каронаҳои осмону замин ва андешидан дар нишонаҳои офариниш даъват менамояд. (Оли Имрон, 3: 137) Таваҷҷуҳи инсонро ба зиндагии мӯрчагон, занбӯри асал, парвози паррандагон, шукуфтани дона ва сар баровардани он аз дили хок ва… ҷалб менамояд ва мехоҳад инсон дар умқи офариниши ҳар махлуқ бо диққат биандешад ва аз канори ҳеҷ мавҷуд ба соддагӣ нагзарад. 
 
Донишманди Мисрӣ Аллома Тантовӣ дар тафсири «Алҷавоҳир»-и худ мегӯяд, ки зиёда аз ҳафтсаду панҷоҳ (750) ояти Қуръон ба улуми табиӣ ва мутолиаи асрори офариниш ишора мекунанд. (Тантовӣ, тафсири Ал-ҷавоҳир, ҷ. 1, саҳ. 7).
 
“Дини мубини ислом ба омӯхтани ҳар илме, ки барои фоидаи инсон аст, мусулмононро тарғиб менамояд. Ҳар донишманде, ки барои башарият илми манфиатоварро тақдим намояд, чӣ дар соҳаи илмҳои кимиё бошад, ё физика, ё ахтаршиносӣ (астрономия), ё тиб, вай дар зумраи инсонҳо баргузидаи Худованд дохил мешавад. Дар робита ба ин, гуфтан ба маврид аст, ки агар табиби донишманде доруеро кашф кунад, ки барои шифои дарди бедармони башарият сабаб гардад, ӯ ҳамон донишмандест, ки Худованд мартабаи ӯро дар дунё ва охират баланд мебардорад". (Ҷинону-л-хулд, наъимуҳо ва қусуруҳо ва ҳуруҳо,  саҳ. 130,  таълифи  Моҳир Аҳмади Суфӣ).
 
Мақом ва манзалати илму дониш дар таълимоти пайғамбар  низ ҷойгоҳи баланде дорад. Дар боби илмомӯзӣ ҳадисҳои зиёде аз Пайғамбар (с.а.с) ривоят шудааст, аз  чумла фармудаанд: «Фазилати олим бар обид ба монанди фазилати моҳи шаби чаҳордаҳ бар соири ситорагони осмон аст» (сунани Абудовуд, боб андар ташвиқи талаби илм, ҳадиси 3643, ҷ.3, с.354) «Талаб кардани илм ба ҳар як мусулмон фарз аст» (сунани ибни Моҷа, боб андар фазилати олимон ва ташвиқи талаби илм, ҳадиси 224, ҷ.1, с.81) «Ҳар ки дар ҷустуҷӯи илмомӯзӣ бошад, Худо ба (баракати) он илм роҳеро ба сўйи биҳишт бар вай кушода созад» (саҳеҳи Муслим, ҳадиси 7028, ҷ.8, с.71) «Омӯзгоре, ки ба дигарон хайрро меомӯзонад ва умури писандидаву арзишмандро ба дигарон ёд медиҳад ҳамаи махлуқот ҳатто моҳиёни дарё барои ӯ истиғфор ва талаби омӯрзиш мекунанд» (Муъҷамулавсати Табаронӣ, ҳадиси 6219, ҷ.6, с.214).
 
Хулоса, дар радифи фармудаҳои китоби муқаддаси  Қуръон ва пайғамбар (с) шоирону олимон ва донишмандону мутафаккирони халқи тоҷик ба мисли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигарон дар фазилати илму дониш ва мақому манзалати он китобҳои зиёде навиштаанд. 
 
Тавре Фирдавсии бузург фармудааст: 
 
Зи гаҳвора то гур дониш биҷӯ
Чунин гуфтааст пайғамбари ростгӯ.
 
Наҷотзода Мутеъулло – сармутахасиси шаъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ, номзади илмҳои филологӣ.  
Яндекс.Метрика