Дар ҷаҳони пеш аз ислом, масъалаи мавқеи зан бо мард, яъне баробарии ҳамаҷонибаи зан бо мард ҳамчун инсон ва масъалаи мавқеи инсон ҳамчун зан бо мард дар ҷомеа ва маҳрум кардани зан аз мерос на танҳо дар Рум ва Юнон маҳдуд буд, балки дар дунёи қадими Ҳинд низ ин анъана, ки решаҳои онҳо аз тамаддуни Ҳинд сарчашма мегирад, роиҷ буд.
Ҳамаи навиштаҷотҳо «дар бораи дхарма шакли издивоҷи зану шавҳар» аз мавқеи таҳқиршуда ва тобеъ будани занон дар чамъияти Хиндустони қадим, ҳамчун оилаҳои калони патриархалӣ то ҳол дар шакли устувор нигоҳ дошта шуданд, шаҳодат медиҳанд, ки дар онҳо, сардори оила қудрати бузурги номаҳдуд дошт.
Дар соҳаи муносибатҳои оилавӣ, таъсири анъанаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, урфу одат хеле равшан зуҳур ёфта буд. Инро истинод ба ҳашт шакли издивоҷ, ки дар Ҳиндустон маъмул буд ва кастаҳо аз он сарфи назар карда наметавонистанд, шаҳодат медиҳад.
Чаҳор шакли аввал, ки аз ҷониби Браҳманҳо ташвиқ карда мешуданд, асосан ба падаре, ки духтари худро «бо ҷавоҳирот» (бо маҳри муайян) ба занӣ медиҳанд, баста мешуданд. Ва ҳамин шакли издивоҷ номи «брахма» ро ба худ касб кардааст, ки дар якҷоягӣ бо се намуди минбаъда («дайва», «арша», «праҷапатя») бо издивоҷи «асура» - (хариди арӯс) «пандҳарва», (барои ишқ, бе ризоияти падар ва модар) «ракшаса» (бо рабудани арӯс) «пайсача» ва (зӯроварӣ нисбати ӯ) муқобил гузошта шудаанд, эътироф шудаанд (Қ М, III, 27).
Умуман ҳамаи шаклҳои издивоҷ, ки бо харидани арус анҷом меёфт, коргари ояндаи оиларо ташкил медод. Тасодуфӣ нест, ки дар кастаҳо чор шакли аввалини издивоҷ барои брахманҳо,кшатрияҳо, вайшяҳо ва судраҳо бо харидани арус ақди издивоҷ сабт карда мешуд. Аммо издивоҷ бо рабудани арӯс, ки зоҳиран бо бо харидани арус анҷом ёфта, ки бо дигар шаклҳои он мухолифи бевосита дорад, осори равшани ҷомеаи ибтидоӣ мебошад.
Мақсади асосии зан таваллуд ва тарбияи фарзандон, пеш аз ҳама писарон буд, ки барои иҷрои маросимҳои ёдбуди аҷдодони фавтида масъул буданд. Насл инчунин мисли чорво ҳамчун навъи асосии сарват эътироф карда мешуд. Бинобарин, шавҳари модар новобаста аз он ки ӯ воқеан кист, падари қонунии кӯдак ҳисобида мешуд. Баробар кардани занон ба ҳайвонҳои хонагӣ, ғуломон, ки насли онҳо ба соҳибмулк тааллуқ дошт, дар Қонуни Ману омадааст, (Қ М, IX, 52 – 55) ҳатто фуруши зану фарзандон низ ичозат дода шудааст, гарчанде гуноҳ хисобида мешуд (Қ М, XI, 69).
Тасодуфӣ нест, ки ҳатто зани фурўхташуда аз шавҳараш озод намешуд (Қ М, IX, 46) ва ҳуқуқи ў, ба ақидаи ҳиндиёни қадим, дар дасти шавҳари фавтида нигоҳ дошта мешуд. Ҳангоми фавти шавҳари бефарзанд зан бояд бо хоҳиши хешовандонаш аз додарарус ё шахси наздики дигар писар таваллуд кунад (Қ М, IX, 57-65).
Дар тамаддуни Ҳинд, тибқи Қонуни Ману, занон аз мерос маҳрум буда, дар парастории мардон қарор доштанд. Тибқи ин қонун, пас аз марги падар, амволи ў ба писаронаш мегузашт. Агар шахси фавтида ба ҷуз духтар фарзанд надошта бошад, ў бояд духтарашро вазифадор кунад, ки писар ба дунё оварад, то писар мероси бобои модарашро ба таври қонунӣ ба даст оварад.
Дар баъзе қабилаҳои Ҳинд зан пас аз марги шавҳараш ба ў мерос мерасид, ё тибқи суннати “Сати” ӯро бо ҷасади шавҳараш ба оташ меандозанд ё буѓӣ карда, бо шавҳараш дафн мекунанд. Онҳо ин корро ҳамчун нишони садоқат ва муҳаббати зани ҳиндӣ ба шавҳар медонистанд. Дар баъзе қабилаҳои дигари Ҳинд бошад, занон мисли чорво ҳисобида шуда, дар байни меросхўрон тақсим мекарданд.
Ба таври кутоҳу мухтасар метавон чунин хулосагузорӣ кард, ки зан ҳамчун коргари ояндаи оила, фурўши онҳо, аз мерос маҳрум буданд, тибқи суннати “Сати” ӯро бо ҷасади шавҳараш ба оташ меандозанд ё буѓӣ карда, бо шавҳараш дафн мекунанд. Онҳоро мисли чорво тақсим мекарданд ва бисёрзанӣ маъмул буд ва зан дар синни 8 солагӣ ба издивоҷ мебаромад.
Наботов М. А. - сармутахасси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ