ҲИМОЯИ ВАТАН ЯКЕ АЗ АРЗИШҲОИ ВОЛОИ ИНСОН АСТ!

Ватан, имрӯз марзу буми он сарзаминест, ки андар он зиндагӣ мекуниву ба муқаддасоташ арҷ мегузорӣ. Ватандориву давлатдорӣ, пеш аз ҳама шинохт ва нигоҳдории ҳувияти худ ва ҳимояи он арзишҳои волои инсониест, ки зиндагиро дар он сарзамин фароҳам меоварад. Дар ҷаҳони мураккабу пуртазоди имрӯза танҳо кишваре метавонад вуҷуд дошта бошаду бо пешомадҳои шадиди тақдир муқобилият ва истодагарӣ кунад, ки марзу буми худро ҳимоят ва нигаҳбонӣ карда тавонад. Асри мо асри зӯровариву таҷовузҳои пай дар пайи инсонҳо бар сари ҳамдигар аст.

Дар ин асри пуртазод ва бархурди манфиатҳои абарқудратҳо ваҳдату ягонагӣ, сипас неруву тавоноӣ, далерӣ, шуҷоат, садоқат ва пойдории на танҳо ҳар инсон, балки ҳар кишвар кафолати зиндагониву амнияти ӯст. Имрӯз қалъаи амният, сутун ва мутаккои рӯзгор, кафолати ҳастии ҳар миллат, бидуни шубҳа, дар қатори омилҳои дигар Артиши миллӣ аст.

Аз ин рӯст, ки бо дарки ин масъулият ҳамасола барои рушди ин соҳаи бениҳоят муҳим, ки такягоҳи боэътмоди сулҳу осоиш ва кафолати амнияти миллии мо мебошад, тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамонро эҳсос мекунем. Низоъҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандии аз ҷониби бегонагон таҳмилшуда мардуми тоҷикро бо имтиҳони гароне рӯ ба рӯ оварда, ҳушдоре дар оғози Истиқлолияти давлатиямон дода буданд.

Дар даврони ҷангҳои таҳмилшудаи шаҳрвандӣ миллати хайрхоҳу некӯманиш ва кишвари куҳанбунёди мо дар вартаҳои нестиву фалокат қарор ёфта буданд, ки танҳо тавассути Ваҳдати миллӣ, хиради зотии халқамон ва раҳнамоии фарзандони шуҷои он тавонист раҳо ёбанд. Ин нахустин имтиҳон дар роҳи ватандориву давлатдории Тоҷикистони навини мо буд. Ба ғайр аз ин, тамоми таърихи миллату халқамон моро пайваста сабақ додааст, ки ҳар лаҳза омодаи дифои ҳувияти худ аз душманони аҷнабӣ бошем. Аммо вазъи пурхатару пуртаҳлукаи ҷаҳони имрӯз, тезу тундии муносибатҳои кишварҳо, ҳаводиси фоҷиабори солҳои охир ва, хусусан, рӯзҳои муосир пайваста мураккабтару хатарбортар аз пешин мегардад .

Дар ҳамин таърихи чанд соли охир мо дидем, ки чи гуна абарқудратони дунё кишварҳои нисбатан кӯчаку камқудоратро ба хок яксон намуданду халқҳяшонро хонабардӯш ва ғарибу саргардон сохтанд. Касе имрӯз кафолати бехатарии моро дода наметавонад, ба ҷуз худамон, хусусан дар ин вазъияте, ки ҷаҳон ба сангарҳо ҷудо гардидааст. Имрӯз дар ҳолате, ки ҷангҳо паси девори мо мераванду аллакай таҳдиди марзу бум ба сарҳади муқаддаси мо ҳам расидаву борҳо аз худ дарак ҳам додааст, ҳимояи Ватан-Модар, марзу буми аҷдодӣ, амнияти миллӣ вазифаи муқаддаси хурду бузург ва марду зани ин кишвар хоҳад буд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика