Асбсаворе...марди чулоқеро сари роҳи худ дид, ки аз ӯ кӯмак мехост ва марди савор дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт.
Аз асб пиёда шуд ва ӯро аз ҷо баланд кард ва рӯйи асб гузошт то ӯро ба мақсад бирасонад.
Марди чулоқ вақте бар асб савор шуд даҳанаи асбро кашид ва гуфт:
Асбро бурдам ва бо асб гурехт.
Аммо пеш аз он ки дур шавад соҳиби асб дод зад ту танҳо асбро набурдӣ "ҷавонмардӣ"-ро ҳам бурдӣ.
Асб моли ту; аммо гӯш кун бубин чӣ мегӯям
Марди чулоқ асбро нигоҳ дошт марди савор гуфт: ҳаргиз ба ҳеч кас нагӯ чи гуна асбро ба даст овардӣ;
Зеро метарсам дигар ҳеч саворе ба пиёдае раҳм накунад!
Манбаъ : Донишнома
Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ