Ислом марду занро дар тадбири зиндагӣ ба василаи ирода ва кор баробар медонад. Аз ин рӯ, ҳар ду дар таҳсилот ва он чи мояи тақвияти ҳаёти инсонист, баробар мебошанд. Зан метавонад монанди мард мустақилан кор кунад ва молики даромади худ шавад. Дар судури фармони илоҳӣ фарқе байни зану мард нест, ба вижа дар талаби илм.
Таҳсили илм ва касби дониш аз аҳкоме аст, ки зану мард дар он баробар мебошанд. Ислом дар касби дониш ба инсоният аз нигоҳи ҷинсият ва ҳатто синну сол ҳеҷ таноқузе надорад. Дар тафсири “Ҷалолайн” баъд аз нақли саргузашти зан то ислом чунин мегӯяд: “Зан дар тамоми аҳкоми ибодатӣ ва ҳуқуқи иҷтимоӣ бо мард баробар аст ва дар ҳар коре, ки мард истиқлол дорад, монанди: мерос, касб, муомила, таълим, тарбият, дифоъ аз ҳуқуқ ва ғайра зан ҳам мустақил аст, магар дар мавридҳое, ки бо муқтазои табиаташ мухолиф дорад (яъне, зан табиатан бояд корҳои душвор анҷом надиҳад, зеро табиати эшон нозук аст (аз муаллиф))” [тафсири Ҷалолайн, ҷ 2, саҳ 284].
Аҳли фаҳм ва ҳатто мардуми оммӣ низ ҳадиси бузургвори паёмбари исломро дар мавриди талаби илм медонанд: “Талаби илм бар ҳар марди мусалмон ва зани мусалмон фарз аст” (Сунани Ибни Моҷа, ҳадиси 224). Аммо мутаассифона чанд вақти охир аз тарафи ҳаракати Толибон таҳсили духтарон дар мактабҳо ва донишгоҳҳо дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон пурра манъ гаштааст ва ҳатто сухангӯи ин ҳаракат Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар суҳбат бо хабарнигори BBC - и бахши арабӣ иброз намуд, ки агар бар сарашон туфанг ҳам бизананд, аз ин қонун даст намекашанд.
Чун амали онҳо ба ҳамагон маълум аст ва ҳоҷат ба насиҳату маҳкум кардан нест, зеро онҳо амри Худову қавли расулро нодида гирифта, занонро на ин, ки аз ҳуқуқҳояшон маҳрум сохтаанд, балки монеи иҷрои яке аз фарзҳои дини мубини ислом гаштаанд. Аз ин маълум мегардад, ки бо ном давлати исломианд ва дар зери парда барои бесавод намудани насли мусалмони Афғонистон нақшаҳо кашидаанд, зеро дар домани модари бесавод ҳатман фарзанди бесавод ба воя мерасад ва ин боиси чандинсола ақибмондагии Афғонистон мегардад.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳамин дард дар ҷомеаи мо агар чи нест шуда бошад, ҳам аммо решакан нашудааст, то ҳол ҳастанд нафароне, ки боиси аз таҳсил дур мондани духтарон мегарданд. Барои ба таҳсил фаро гирифтани занону духтар Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар симои Пешвои миллат заҳматҳову талошҳои зиёде намуданд. То духтари тоҷик оянда модари босавод шуда, фарзандонашро дар рӯҳияи илмдӯстӣ ва дониш тарбия намояд. Аз ин рӯ, мо бояд хело эҳтиёткор бошем, то ин андеша дуюмбора дар зеҳни ҷомеаи мо реша надавонад. Аз ин рӯ, аҳли зиё ва рӯҳониёнро зарур аст, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотиро барои бештар ба таҳсил фаро гирифтани занону духтарон зиёд намоянд.
Баъдан дар сатҳи байналмилалӣ бояд масъала ба зудӣ ҳалли худро ёбад ва занону духтарони Афғонистон ба таҳсил дуюмбора фаро гирифта шаванд, то пеши роҳи ин ҷаҳолат гирифта шавад. Ва боварӣ дорам, ки борӣ каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад, дар ҷое, ки равшанӣ меояд, торикӣ аз байн меравад ва умеди онро дорам, ки Афғонистон низ рӯзе мисли Тоҷикистон озоду ободу ва шукуфон гашта, тамоми мардуми он аз занону духтарон шурӯъ намуда, то кудакону пиронсолон дар фазои сулҳу субот зиндагӣ хоҳанд кард:
Даврӣ фалакӣ яксара бар манҳаҷи адл аст,
Хӯш бош, ки золим набарад бор ба манзил. (Ҳофизи Шерозӣ)
Рамазониён Аҳтам Бобосафар