Қиссаи Ибни Сино ва Ибни Мискӯя ҳамчун намуна барои одобу ахлоқ

Абӯалӣ ибни Сино ҳанӯз ба сини бист сол нарасида буд, ки улуми замони худро фаро гирифт ва дар улуми илоҳиву табиӣ ва риёзиву динии замони худ саромади аср шуд. Рӯзе ба маҷлиси дарси Абӯалӣ Ибни Мискӯя донишманди маъруфи он замон, ҳозир шуд, бо камоли ғурур гирдуеро (чормағз) аз ҷузвдон (халта) ба ҷилави Ибни Мискӯя афканд ва гуфт: “Масоҳати сатҳи инро таъйин кун”.
Ибни Мискӯя аз таълифоти худ як китоб, ки дар илми ахлоқу тарбият навишта буд бо номи (китоби “Таҳорат ул-аъроқ”), ба ҷилави Ибни Сино гузошт ва гуфт: “ Ту нахуст ахлоқи худро ислоҳ кун, то ман масоҳати сатҳи гирдуро таъйин кунам. Ту ба ислоҳи ахлоқ худ муҳтоҷтарӣ аз ман, ба таъйини масоҳати сатҳи гирду”.
Бӯали аз ин гуфтор шармсор шуд ва ин ҷумла роҳнамои ахлоқии ӯ дар ҳамаи умр қарор гирифт.
 
Исоев Н., - сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхис диншиносӣ 
Яндекс.Метрика