Буд баққолеву вайро тӯтие,
Хушнавое, сабз, гуё, тӯтие.
Бар дӯкон будӣ нигаҳбони дӯкон,
Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон.
Баққол (фурушандаи озуқа) дар дӯкони хеш тӯтии шаккаршикане дошт. Тӯтӣ бо гуфтаҳои ширину намакини худ муштариёнро ба дӯкони баққол мехонд ва баққол низ ба навое мерасид. Рӯзгор бар ин ҳол мегузашт, то ин ки рӯзе гурбае дар дӯкони баққол мушеро дунбол кард ва тӯтӣ, ки сахт тарсида буд, аз тарси ҷони худ:
Ҷаст, аз сӯи дӯкон, сӯе гурехт,
Шишаҳои равғани гулро бирехт.
Аз ин сӯ ба он сӯ мепарид ва шишаҳои равғани бодомро бар замин рехт. Чанде нагузашт, ки баққол бозомад ва равғанҳоро бар замин рехта дид. Аз хашм тӯтиро гирифт ва бар сараш кӯфт. Мӯи сари тутӣ бирехт ва тос (кал) шуд. Аз он пас тутӣ дигар ҳеҷ нахонд ва ҳеҷ нагуфт. Афсурдаву хомӯш гӯшае куз (хамида ва дутошуда, пуштхамида, каҷ) карда буд.
Баққол, ки равнақи дӯкони хешро рафта дид, аз кардаи худ пушаймон шуд. Тӯтиро навозишҳо кард, то шояд дубора ба сухан ояд. Аммо тӯтӣ ранҷидахотиртар аз он буд, ки бо ин навозишҳо, кутак ба ноҳақ хӯрда ва сари тосро фаромӯш кунад.
Рӯзҳо як ба як сипарӣ мешуд ва тутӣ ҳамчунон хомӯш буд; то он ки рӯзе касе, ки ҳамчун тутӣ мӯе бар cap надошт, аз дӯкон гузашт. Тӯтӣ бо дидани ӯ ба сухан омаду гуфт:
- Магар ту низ равған бар замин рехтаӣ, ки соҳибат бар сарат зада ва тос шудаӣ?
Тутӣ марди тосро бо худ қиёс кард ва чун рехтани мӯи ӯ бад-он сабаб буд, ки соҳибаш бар сараш кӯфта буд, мепиндошт, ки ҳар тосеро сабаб рехтани равған ва бар cap кӯфтан аст.
Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи бошад дар навиштан шер шир.
Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ шуд,
Кам касе з-абдоли'Ҳақ огоҳ шуд.
Он яке шер аст андар бодия,
В-он яке шир аст андар бодия.
Он яке шир аст, ки одам мехӯрад,
В-oн яке шер аст, ки одам медарад.
Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз «Маснавии маънавӣ»
Гирдоваранда:
Исоев Н.С. – сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ