Ғам махӯр банда, ки ғамхорат манам,
Ин ҷаҳону он ҷаҳон ёрат манам,
Дар сари бозори мулки коинот,
Аввалу охир харидорат манам,
Гар ба Ҷаннат меравӣ, бе ман марав,
Чун фурӯғи субҳи дидорат манам,
Гар ба дӯзах меравӣ, з-оташ матарс,
Ғам махӯр онҷо нигаҳ дорат манам,
Меравӣ ҳар ҷо, ки мехоҳӣ бирав,
Боз гардӣ охири корат манам,
Гар туро хонанд бад, дар кори нек ,
Дон, ки ҳар лаҳза нигаҳдорат манам...
Аз саҳифаи Хазинаи маърифат