ҒАЗАЛҲОИ САЙИДОИ НАСАФӢ

Зи рашки кулбаи ман каъбаву бутхона месӯзад,
Ту дар як хона оташ мезанӣ, сад хона месӯзад.
Ту май бо ғайр менӯшиву мегардам кабобат ман,
Ту шамъи анҷуман мегардиву парвона месӯзад.
Ба ҷисму ҷони ман, эй барқи бепарво, мурувват кун
Ту бар коҳи ман оташ мезаниву дона месӯзад.
Нигоҳи гарм дар майхонаи ман аз кӣ афтодаст?
Май аз хум то барояд, шишаву майхона месӯзад.
Туро имрӯз ҳамчун мӯйи оташдида мебинам,
Кадом ошуфта бар тасхири зулфу шона месӯзад.
Намерезад касе бар оташи бетобиям обе,
Ба ҳолам ошно мегиряду бегона месӯзад.
Ба ёди он гули рӯ, Сайидо, шамъе ки афрӯзам
Ба гулшан булбулу дар анҷуман парвона месӯзад.
★★★

Кӯҳро афғонам оташ дар ҷигар меафганад,
Баҳрро ашкам ба гирдоби хатар меафганад.
Ҷуди найсонро чи бошад обрӯ пеши садаф,
Дар иваз ҳар қатраи ӯро гуҳар меафганад.
Дилрабоён мекунанд аз якдигар касби ҳунар,
Гул зи тифлӣ ғунчаро дар фикри зар меафганад,
Гӯшаи майхона эй зоҳид ба чашми кам мабин,
Ҳар кӣ он ҷо по ниҳад, уро ба сар меафганад…
Сайидо, гар аз лабаш гӯям ҳадисе дар чаман
Ғунча аз гул пеши рӯйи худ сипар меафганад.
★★★

Аз дили дунёпарастон завқи суҳбат бурдаанд,
Рушноӣ аз чароғи аҳли давлат бурдаанд.
Нест дар олам асар аз файзи олиҳимматон,
Аз ҳаво гармиву аз оташ ҳарорат бурдаанд.
Чашми ёрӣ бастаанд, аз кори якдигар хавос,
Рӯзгоре шуд, ки аз хешон мурувват бурдаанд.
Карда то пойи тамаъ озодагонро беқарор,
Аз ниҳоли сарв бори истиқомат бурдаанд.
Бар гул обурангу бар булбул намебинам намак,
Аз асирон шӯру аз хубон малоҳат бурдаанд.
Кай бувад дур аз Ватан ҷое мусофирро қарор,
Дар чаман аз чашми шабнам хоби роҳат бурдаанд.
Бар давоти ғайри аҳли фикр хун гиряд қалам,
Ҷониби зиндон азизонро ба туҳмат бурдаанд.
Карда қумрӣ сарвро дар хона пинҳон чун сутун,
Дар чаман то номи он шамшодқомат бурдаанд.
Он бути наққош то аз хонаи ман рафтааст,
Бистари осоиш аз паҳлуи сурат бурдаанд.
Нест ороме даруни сина дилро, Сайидо,
Лаззати осудагӣ аз кунҷи узлат бурдаанд.
★★★

Дар гулистон бе ту ашк аз чашми булбул мечакад,
Рангубӯ мегардаду об аз рухи гул мечакад.
Мурғи дилро куштаӣ имрӯз пинҳон кардаӣ,
Хуни ин сайд аз дами теғи тағофул мечакад.
Зулфи мартуби кӣ имшаб дода обат, эй санам?
Шабнами ошуфтагӣ аз шохи сунбул мечакад…
Аз даҳони хома ҳар шаб, Сайидо, оби сиёҳ
То сахар дар ҳасрати он зулфу кокул мечакад.

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика