ЯК ҲИКОЯТ АЗ ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ:

Овардаанд, ки дар шаҳре аз билоди ислом чанд шабонарӯз муттасил борон омад, ба масобае, ки корҳо бар мардумон душвор шуд ва роҳи омад шуд фурӯбаста гашту манзилҳо рӯй ба вайронӣ ниҳод ва дағдағае дар хотири хурду бузург афтод. Ва мунаҷҷимон мегуфтанд, ки аз фитроти фалакӣ истидлол метавон кард, ки тамоми ин шаҳр ба воситаи касрати об хароб хоҳад шуд. Мардумон дил аз хонумон бардоштанд ва ҷазаъу фазаъ дар халоиқ афтод. Ва чун кор аз ҳад гузашт ва тоқат тоқ шуд, руҷӯъ ба султон карданд ва ӯ марди одилу покизасират буд.
Аҳли шаҳрро тасаллӣ дод ва худ ба хилват даромада рӯйи ниёз бар хок ниҳода гуфт: Бор Худоё, ҳама халқ бар харобии ин шаҳр иттифоқ кардаанд, Ту қодирӣ, ки тасвири эшонро ботил кунӣ ва осори қудрати худ ба хилофи ончи дар хотиру хаёлҳо ҳамегузарад, зоҳир гардонӣ! Филҳол борон мунқатеъ шуд ва офтоб баромад. Ва ин далели равшан аст: чун подшоҳ покэътиқод бувад, дили ӯ бо раъият рост бувад, ҳар дуое, ки дар бораи худу эшон бикунад, ба шарафи иҷобат иқрон меёбад.

Байт:

Подшоҳе, ки ниҳод аз сари лутф
Бар сарат афсари шоҳаншоҳӣ.

Ҳарчи мехоҳӣ, аз Ӯ хоҳ , ки Ӯ
Диҳадат ҳарчи аз Ӯ мехоҳӣ.

Дар ахбор омада, ки дуои подшоҳони одил мустаҷоб аст ва беҳтарин дуо, ки аз султони адолатпаноҳ бар камони имкон ниҳода ба шасти дуруст ва ихлос бикшояд, нек ба ҳадафи иҷобат ва нишонаи истиҷобат мерасад.

Аз Хазинаи маърифат.

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика