Чун ба гетӣ ҳар чи меояд, равон хоҳад гузашт,
Хуррам он кас, к-ӯ накуном аз ҷаҳон хоҳад гузашт.
Новаки гардун ки ояд, аз ҳама наззора кун,
К-аз каён бигзашт, то низ аз каён хоҳад гузашт.
Ҷуз зи як кас нагзарад як тир, бин дар кеши чарх,
К-аш яке тир аст, лек аз ҳамгинон хоҳад гузашт.
Он ки мегӯяд, ки хоҳам дид поёни ҷаҳон,
Баски бар болои мо пиру ҷавон хоҳад гузашт.
Гар ҷавон гар пир, чун мо бигзарем аз ин ҷаҳон,
Гар бихоҳӣ дид, гӯ то бар чи сон хоҳад гузашт.
Чун гурезам аз ҷафои осмон, чун оқибат
Сел, к-аз бом ояд, андар новдон хоҳад гузашт.
Корвони дӯстон бисёр бигзашту ҳануз
Бин, к-аз ин раҳ чанд аз ин сон корвон хоҳад гузашт.
Ҳар ки ҳаст охир на дар зери заминаш рафтан аст,
Худ гирифтам дар баландӣ з-осмон хоҳад гузашт.
Меҳрҷоневу баҳоре, к-оядат, хуш бош, аз он-к
Чанд-чанд аз аз навбаҳору меҳрҷон хоҳад гузашт.
Хусраво, бистон матоъе дар дукони рӯзгор,
К-ин баҳори умр ногаҳ ройгон хоҳад гузашт.
✍️ АМИР ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ.
Таҳиякунандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ