“Танҳо дар заминаи пойдории истиқлолияти давлатӣ, тавсеаи тафаккури дунявӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳамчун унсури фарҳанги миллӣ таблиғ кардани дини мубини ислом мо метавонем халқи худро аз таъсири афкори бегона эмин нигоҳ дорем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифз ва ғанӣ гардондани арзишҳои миллӣ ва динии ниёгон тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст. Бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи миллат, ба мисли Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҳамзамон таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи исломӣ ва даҳҳо марказҳои илмиву фарҳангӣ аз ҷумлаи он тадбирҳое мебошанд, ки бо иқдоми роҳбарияти олии мамлакат роҳандозӣ гардиданд. Илова ба тадбирҳои созандагиву ободонӣ масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, ки доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошанд, тамоми сохторҳои дахлдор, аҳли зиё, равшанфикрону донишмандон, фаъолон ва тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро водор месозад, ки имрӯз боназардошти вазъи мураккаби ҷаҳон ва минтақа бо ҳисси баланди миллӣ, Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худро бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофиаш , ки зери хатар ва таҳдидҳо мебошад бояд ҳифз кунем.
Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон, шомил гардидани бархе аз шаҳрвандони мамлакат, махсусан ҷавонон, ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористию экстремистӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки раванди сиёсишавии ислом дар ҷаҳон боиси авҷ гирифтани кинаву адовати диниву мазҳабӣ ва амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои даҳшатафкан ва ноором сохтани минтақаҳои гуногуни олам гардидааст.
Тибқи таҳлилҳо ва назари коршиносони умур макони асосии ҷалби аҳолӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро масҷидҳо, муассисаҳои динии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин сомонаҳои мухталифи интернетӣ мебошанд.
Дар ҷаҳони муосир илму техника, воситаҳои иттилоотӣ ба таври бесобиқа пеш рафта истодаанд. Ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, сохти давлатдорӣ, арзишҳои миллию динӣ, расму ойин ва анъанаҳои неки ниёгон дар ин замони пурихтилоф ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил ёфтааст.
Ниҳоят тезутунд гардидани ихтилофи байни давлатҳои абарқудрат баҳри таҳти назорат қарор додани манбаъҳои бузурги энергетикӣ ва васеъ кардани миқёси тиҷорати молу маҳсулоти худ, омили асосии сар задани ҷангу ҷидолҳо дар як қатор давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Садҳо сомонаи интернетӣ, радиою телевизион ва матбуоти даврӣ ин раванди пурихтилофро, аз нуқтаи назари манфиатҳои сиёсии хеш, ғаразнок ва пардапӯшона шарҳу тафсир менамояд.
Аслан мазмун ва моҳияти ин таблиғот гумроҳ сохтани наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мебошад. Тавре аз намоишҳои телевизионӣ, сомонаҳои интернетӣ ва матбуоти даврӣ маълум мегардад, як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳи кишвари мо низ ба чунин таблиғот дода шуда, дар нуқтаҳои доғ, ба мисли Ироқ, Сурия, Афғонистон ҷангида истодаанд.
Ҷавононе, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд, ҳаргиз ба доми фиреби чунин таблиғгарони манфиатҷӯ намеафтанд. Чунки шахси бохирад нисбат ба камсавод ё бесавод эътиқоди комил дошта, анъанаҳои пурарзиши миллӣ ва халқҳои мутамаддини оламро аз хурофот ва ақидаҳои ботил фарқ карда метавонад. Ва, баръакс, нафари нодону бесавод фирефтаи таблиғоти ғаразнок гашта, гумроҳ мешавад. Хатоии худро вақте дарк мекунад, ки кор аз кор гузаштааст.
Мо, пайравони мазҳаби ҳанафӣ ифтихор дорем, ки асосгузори он фақеҳи бузурги олами ислом Имоми Аъзам аст. Ӯ поягузори фиқҳи исломист.
«Мазҳаб» калимаи арабӣ буда, маънои ҷойи рафтан ва роҳро ифода карда, маҷозан ба маънии дину ойин фаҳмида мешавад. («Ғиёс-ул луғот» - и Муҳаммад Ғиёсиддин). Аз маънои калимаи мазҳаб маълум мегардад, ки миллионҳо пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар олами ислом соҳиби дину ойин ва роҳи ҳаққу ростанд. Вожаи «ҳизб» бошад, дар луғат ба маънои гурӯҳи мардум, яъне қисме аз мардум фаҳмида мешавад. Пайравони мазҳаби ҳанафӣ ҳамагӣ худ як мазҳаб ва ҳамчун як ҳизби бутун дар тамоми олам шинохта шудаанд. Оё онҳоро боз ба гурӯҳҳою ҳизбҳо тақсим кардану ба ҳамдигар муқобил гузоштан аз рӯи инсоф аст?
Аз зумраи тарафдорони мазҳаби ҳанафӣ донишмандон, фақеҳони барҷаста арзи вуҷуд карда, асарҳои гаронбаҳое баҳри мо ба мерос гузоштаанд ва ин осор ганҷинаи тамаддуни башариро боз ҳам ғанитар гардондааст. Омӯзиши афкори ин бузургон, бешак, моро аз ғалатфаҳмӣ ҳифз намуда, ба сӯи дуруст дарк сохтани моҳияти арзишҳои волои динӣ, эътиқоди қавии исломӣ роҳнамун месозад. Бидуни шубҳа, афроде, ки аз ин хазинаи бойи маънавӣ баҳра бурдаанд, ҳеҷ гоҳ ба дигар мазҳабе нагаравида, ба гурӯҳҳои ифротие шомил нахоҳанд шуд.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир Абдуллоҳи Қодирӣ