Роҳбарият ва Иттифоқи касабаи кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ходими давлатӣ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалиро ба рӯзи мавлудашон самимона шодбош гуфта, саломатии комил ва саодати ҳамешагиро таманно менамоянд.
Муҳтарам Озода Раҳмон аз мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷриба гирифта, бо донишҳои мукаммал, фаҳми воло ва хислатҳои намунавӣ имрӯзҳо дар боло рафтани эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми беназир доранд.
Фаъолияти пурсамар ва саҳми беназири эшон дар пешбурди давлат ва муаррифии миллат гувоҳи он аст, ки муаллимаи азиз намунаи волои ибрат барои ҳар як шахс ва шарафу ифтихор барои кулли бонувони тоҷик мебошанд.
Зодрӯз муборак, муаллимаи азиз!
Абдуллоҳи Қодирӣ - масъули сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ