Зарурати шахсияти фаъол ва созанда аз мундариҷаи тамоми асарҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва ахлоқии Абунасри Форобӣ бармеояд. Маҳз шахсияти фаъол ва созанди маҳаки ғояҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии мутафаккирро ташкил менамоянд. Бидуни тардид тавассути шахсияти фаъолу созанда Форобӣ хостааст, ки ба орзуи худ – кӯмак намудан ба инсон барои дарёфти хушбахтӣ таҳаққуқ бахшад.
Ғояи шахсияти фаъолу созанда дар рисолаҳои мутафаккир - «Ақоиди сокинони шаҳри фозила» ва «Нишондоди роҳ ба хушбахтӣ» хеле равшан инъикос ёфтааст. Хушбахтӣ, ки ҳадафи асосии сокинони шаҳри накукор дониста мешавад, аз тарафи касе тақдим намегардад ва ҳатто бо тақдир низ таъин нагардидааст. Хушбахтӣ камолотест, ки онро инсон бояд тавассути содир намудани аъмоли зебо ба даст оварад. Аъмоли зебо бошад, тасодуфан ё бо амри тақдир содир намешаванд, балки дар заминаи иродаи нек ва интихоби озод таҳаққуқ мепазиранд. Пас, инсон бояд бошуурона дар заминаи интихоби оқилона барои иҷрои аъмоли зебо тасмим бигирад.
Аммо аъмоли зебо, ки асоси даст ёфтан ба камолот маҳсуб дониста мешавад, тибқи андешаи Форобӣ дар ҳамаи замонҳо ва дар ҳама чиз ногузиранд. Аз ин маълум мегардад, ки инсоне, ки барои даст ёфтан ба хушбахтӣ камолотро ҳадафи хеш қарор додааст, бояд дар тамоми тули ҳаёти худ ва дар тамоми афъоли худ аъмоли зеборо, ки дар ӯ хулқи хубро тавлид месозанд, содир намояд. Талаби мазкур иҷтиноб аз аъмоли бад ва номатлубро дар назар дорад. Ҳолати зикршуда ба хотири манфиати аксарияти ҷомеа масъулияти азими шахсияти фаъолу созанда буданро тақозо менамояд, зеро ки роҳи интихобшуда ҳадафи кулл – дарёфти хушбахтӣ барои дигаронро дунболагирӣ менамояд.
Хусусияти хоси шахсияти фаъол ва созанда дар таълимоти Форобӣ дар он ифода меёбад, ки кӯшиши шахс барои дарёфти хушбахтӣ на дар он дунё, балки дар ин дунё нигаронида шудааст. Мавқеи мазкури мутафаккир бешак мавқеи як шахсити дунявист. Зеро дунявият, ба андешаи Ҷорҷ Ҳолук, боварӣ ба имконияти ислоҳи ҳолати шахс тавассути усулҳои моддӣ, бидуни дахолати имон аст. Илова ба ин, Форобӣ онеро, ки хушбахтиро баъд аз ин ҳаёт мансуб медонад, шаҳри гумроҳ меҳисобад.
Шахсияти фаъол ва созанда тавассути нерӯи ҷаҳду талошкунанда ба зоҳир мерасад. Агар нерӯи фикркунанда, ба андешаи Форобӣ, хушбахтиро ҳамчун мақсад маърифат намояд, он гоҳ нерӯи ҷаҳду талошкунанда ба сӯи ӯ саъй менамояд. Дар раванди мазкур нерӯи талошу ҷаҳдкунанда тавассути фикрронӣ ба василаи хаёлот ва эҳсосот муайян менамояд, ки барои ноилшавӣ ба хушбахтӣ чӣ корро бояд ба анҷом расонид. Дар ин ҷода тамоми аъмоли инсонӣ, ки хушбахтиро ҳадафи хеш қарор додаанд, нек ва зебо хоҳанд буд.
Агар нерӯи фикркунанда хушбахтиро ҳамчун ҳадаф муайян нанамояд, он гоҳ тамоми аъмоли инсонӣ наметавонанд, ки зебо бошанд.
Ғояи шахсияти фаъол ва созанда дар таълимоти Форобӣ инчунин аз чунин фикри зебои ӯ низ бармеояд, ки ҳар мавҷуд барои дарёфти ҳолати беҳтар таъин гардидааст, гӯё маҳз барои ин мақсад ба ӯ он чи, ки зарур аст, дода шудааст.
Шахсияти фаъол ва созанда, ки аъмоли зеборо содир менамояд, асоси бунёди шаҳри накӯкорро ташкил менамояд. Шаҳри накӯкор, ки мардумаш тавассути хулқи хубу аъмоли зебо ба камол расиданд, бо дигар шаҳрҳои накӯкор ҳамкорӣ намуда, халқи накӯкорро ташкил медиҳанд. Ба ҳамин монанд халқҳои накӯкор бо ҳам ҳамкорӣ намуда, ба ҳам кӯмак мерасонанд ва ҷамъияти накӯкорро бунёд месозанд.
Ҳамин тариқ, таносуби қонунии муносибати байниҳамдигарии инсон ва ҷомеаро чун зуҳури мантиқии ҷузъ ва кулл ифода намуда, Форобӣ таъиноти башардӯстона ва фаромиллии ғояҳо ва ҳадафҳои худро ба маъраз мегузорад. Мутафаккир ба шарофати шахсияти фаъол ва созанда мехоҳад ҷомеаи накӯкорро, ки мардумонаш ба хушбахтӣ даст меёбанд, бунёд намояд. Яъне, Форобӣ барои таҳаққуқ пазируфтани аҳдофи худ бо умумияти ҳудудӣ, этникӣ ва мазҳабӣ маҳдуд намегардад. Баръакс, аз чорчубаи иҷтимоии маҳдуд берун қадам зада, саъй менамояд то роҳи хушбахтиро ба тамоми инсоният нишон диҳад.
Абдухалилзода Кароматулло