ШАРҲИ ТАЪЛИМОТИ ҲУҚУҚИИ БУРҲОНУДДИН МАРҒЕЛОНӢ ДАР МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ВА МАСЪУЛИЯТИ ФАРЗАНД НИСБАТ БА ВОЛИДАЙН

       Аллома Бурҳонуддин Марғелонӣ яке аз мутафаккирони барҷастаи асримиёнагии шохаи мовароуннаҳрии мактаби ҳуқуқии ҳанафия мебошад. Дар инкишоф ва паҳншавии таълимоти мактаби ҳуқуқии ҳанафия шохаи мовароуннаҳриии он хизматҳои бузурге кардааст. Дар ин ҷода номи Бурҳонуддин Марғелониро ёддовар нашудан аз имкон берун аст. Маҳз бо шарафоти асари безаволи ӯ «Ҳидоя» [1, 2, 3, 4] ҳуқуқи мусулмонӣ шарҳу тавзеҳи худро ёфта, дар бештари давлатҳои ҷаҳон муаррифӣ гаштааст.
      Таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ саршори андешаву афкор, ақидаву ғояҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқ, зуҳуроти ҳуқуқӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, институтҳои ҳуқуқӣ, соҳаҳои ҳуқуқии ҳуқуқи мусулмонии асримиёнагӣ мебошад, ки онҳо дар маҷмуъ таълимоти ҳуқуқии ин мутафаккири барҷастаро ташкил медиҳанд.
       Яке аз қисматҳои таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ ба меъёрҳои ҳуқуқии никоҳиву оилавӣ ва дигар муносибатҳои ҷамъиятие, ки аз никоҳу оила ба вуҷуд меоянд, бахшида шудаанд.
    Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва масъулияти фарзанд нисбат ба волидайн яке аз қисматҳои таркибии таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба ҳуқуқи никоҳиву оилавӣ мебошад.
    Таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва масъулияти фарзанд нисбат ба волидайн аз ду қисмат иборат аст:
     1) Таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд;
   2) Таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба масъулияти фарзанд нисбат ба нигоҳубинии волидайн.
    Таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд аз таваллуди кӯдак, дӯст доштани фарзанд, нигоҳубини фарзанд, тарбияи фарзанд, ба таълим додани фарзанд, соҳиби касбу ҳунар гардонидани фарзанд, ба балоғат расонидани фарзанд, оиладор намудани фарзанд ва дигар ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд иборат мебошад [2, с. 329-369; 3, с. 314-339].
   Таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба масъулияти фарзанд нисбат ба нигоҳубинии волидайн аз дӯст доштани падару модар, ҳурмату эҳтиром кардани падару модар, аз худ кардани одобу ахлоқи хуби падару модар, иҷро кардани хоҳишҳои падару модар, нигоҳубин кардани волидайн дар вақти пиронсолӣ, беморӣ, аз ҳолу аҳволи волидайн хабар гирифтан ва дигар масъулияти фарзанд нисбат ба волидайн иборат мебошад [2, с. 369-377; 3, с. 339-344].
       Ҳамин тариқ, омӯзишу тадқиқоти таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва масъулияти фарзанд нисбат ба волидайн дар замони муосир барои падару модарон, фарзандон, насли наврасу ҷавон ва умуман аҳли ҷомеа аҳамияти бениҳоят калон дорад. Ҳангоми шиносоӣ пайдо кардан бо таълимоти ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва масъулияти фарзанд нисбат ба волидайн масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ва нигоҳубинии волидайн аз ҷониби фарзандон ҳангоми пиронсолӣ боз ҳам бештар мегардад.
 
Адабиёт:
1.Имом Бурҳонуддин Абӯҳасан Алӣ ибни Абӯбакри Марғелонӣ. Ҳидоя Дар 2 ҷилд. Ҷилди I / Аз хати ниёгон ба кирилӣ баргардони Ҳоҷӣ Акбар Насимзода; муқаддима, такмили матни тоҷикӣ, шарҳу тавзеҳот ва тахриҷи аҳодис аз Маъруф Раҳимов; муҳаррир Сироҷиддин Икромӣ. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 624 с.
2.Имом Бурҳонуддин Абӯҳасан Алӣ ибни Абӯбакри Марғелонӣ. Ҳидоя. Дар 2 ҷилд. Ҷилди II / Аз хати ниёгон ба кирилӣ баргардони Ҳоҷӣ Акбар Насимзода; такмили матни тоҷикӣ, шарҳу тавзеҳот ва тахриҷи аҳодис аз Маъруф Раҳимов; муҳаррир Сироҷиддин Икромӣ. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 632 с.
 3.Маргинани, Бурхануддин. Комментарии мусульманского права: в 2 ч. Ч. 1. Т. I-II / Пер. с англ.; под ред. Н.И. Гродекова; отв. ред., авт. предисл. вступ. ст. и науч. комм. проф. А.Х. Саидов. – М.: Волтерс Клувер, 2010. – 808 с.
4.Маргинани, Бурхануддин. Комментарии мусульманского права: в 2 ч. Ч. 2. Т. III-IV / Пер. с англ.; под ред. Н.И. Гродекова; отв. ред., авт. предисл. вступ. ст. и науч. комм. проф. А.Х. Саидов. – М.: Волтерс Клувер, 2008. – 656 с.
 
      Шоев Фируз Маҳмадаминович – и.в. сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика