Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти оммавӣ намудани «Тарзи ҳаёти солим» ба роҳбарӣ гирифта, дар Марказ чорабинии варзишӣ ташкил намуд.
Чорабинии мазкур ба таҷлили Рӯзи 23-юми феврал ва 8-уми март - Рӯзи Модарон бахшида шуд. Дар таърихи 5-уми март зимни таҷлили Рӯзи модарон мусобиќа ҷамъбаст гардид ва ғолибонро роҳбарияти Марказ бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз намуданд. Дар маросими ҷоизасупорӣ мудири шуъбаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Одинашоҳ Вализода низ иштирок доштанд.