Хурофотро танҳо илму дониш решакан менамояд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маљлиси Олӣ тамоми дастовардҳои кишварро дар тӯли сӣ соли истиқлолияти давлатӣ воқеъбинона ва ба таври муътамад таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳои панљсоли ояндаро мушаххасан нишон доданд. Аллакай дар оғози баромади хеш Пешвои миллат таъкид намуданд, ки роҳи пешгирифтаи кишвар роҳи дунявӣ буда, он дар моддаи якуми Конститутсия дарљ ёфтааст ва  аз тарафи тамоми мардуми кишвар якдилона тавассути референдум қабул шудааст. 

Аз суханрониҳои Пешвои миллат ба хубӣ эҳсос мегардад, ки сардори кишварро бо вуҷуди дастовардҳои назаррас  дар таълиму тарбияи насли љавон боз як масъалаи  хеле муҳим - хурофот аз ҳар вақт дида бештар ба ташвиш овардааст. Ба масъалаи таълиму тарбияи насли љавон дахл намуда, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо воқеан ҳам бо ҷавонони бонангу номуси кишвар ифтихор менамоем. Онҳо дар дигаргунсозиҳо ва рушди ҳаматарафаи љомеа саҳми худро гузошта истодаанд. Ҳамзамон пешвои миллат ба масъалаи хурофот ва хурофотпарастӣ дахл намуда, зарари онро барои ҷомеа, ва махсусан барои насли ҷавон таъкид намуданд. Президенти кишвар сароҳатан иброз намуданд, ки хурофот ин ҷаҳолат аст. Бо хурофот ҷомеаро пеш бурдан ғайриимкон аст. Воқеан ҳам, дар ҳолате, ки илму техника имрӯз бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, пойбанди хурофот ва фарҳанги асримиёнагӣ будан маънои беэътиноӣ, бемасъулиятӣ, бетарафӣ нисбат ба ояндаи тақдири худ ва насли минбаъдаро дорад. Чӣ тавр бо фарҳанги асрмиёнагӣ ҷомеаи имрӯзаро пеш бурдан мумкин аст? Албатта, ин амал ғайриимкон аст. Барои пешбурди ҷомеа ҳамқадами замон шудан ҳатмӣ ва ногузир аст. Расидан ба ҳадафи мазкур аз нав дида баромадани низом ва мундариҷаи таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар назар дорад. Яъне, муносибат ба илму маориф бояд сифатан дигаргун карда шавад. 

Воқеан ҳам Пешвои миллат ба масъалаи хурофоту мубориза ба он хеле оқилона ва дурандешона назар андохтанд.  Боиси таассуф аст, ки  мавқеъ ва нақши хурофот дар мафкураи аҳли љомеа ҳанўз ҳам қавӣ боқӣ мемонад. Имрўз мо дар қарни XXII зиндагӣ менамоем, лекин боз ҳам дар доираи меъёрҳою хусусиятҳои фикрии  асримиёнагӣ андеша меронем. Боре таваљљуҳ  намекунем, ки худи хурофот чист? Аз куљо вай маншаъ мегирад? Барои чӣ то кунун вуљуд дорад? Кадом қишрҳои љомеа бештар хурофотиянд? Магар хурофот метавонад, ки пайомади мусбат дошта бошад? Зарари хурофот барои љомеа дар чӣ ифода меёбад? Чӣ тавр онро бояд решакан намуд? Инҳо саволҳое ҳастанд,  ки пайваста мавриди таваљљуҳи равшанфикрони љомеа мебошад ва посухҳои қатъии худро  аз тарафи коршиносон интизоранд.

Агарчанде нуқтаи назарҳо гуногунанд, лекин мо бар онем, ки хурофот – ин тасаввуротест, ки  бидуни асоси илмӣ ва мухолифи аҳкоми дини расмӣ ба дурустии он бовар карда мешавад. Ба таври мисол: чун гурбаи сиёҳ аз пеши шахс гузашт, пас ҳодисаи нохушеро ба бор хоҳад овард; дасти чапат хорид, пул меояд ва агар дасти ростат хорид, пул сарф мегардад; агар шахс рўзи тавллудашро пештар таљлил намояд, вай тез мефавтад ва амсоли инҳо. Агар ба таносуби ҳодисаҳои зикргардида таваљљуҳ намоем, пас ба осонӣ мебинем, ки байни онҳо ҳељ робитае нест ва буда ҳам наметавонад. Тасодуфан рух додани ҳодисаи дуюм баъд аз ҳодисаи якум сабаби пайдоиши боварии беасос гардидаст. Чуноне, ки ба тафаккури эътиқодӣ хос аст, шахс ба сабаби ољизӣ дар шарҳи сабаби рух додани ҳодисаи якум  ољиз монда, кори аз ҳама осон – онро ба ҳодисаи баъдӣ марбут дониста аст. Тафаккури аз ҳаракат бозмонда ё танбал ба љои љустуљўи посухи дуруст бо љавоби мафкура талқиннамуда  худро тасалло дода, ҳамин тавр, масъаларо дар шакли муфид ҳал менамояд. 

Хулоса, хурофот аз љаҳлу бесаводӣ, бемаърифатӣ, дуруст надонистани робитаҳои сабабии чӣ ҳаводиси  љамъиятӣ ва чӣ табиӣ маншаъ мегирад. Дар ин хусус Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш хеле дуруст қайд намуданд,  ки хурофот ин љаҳолат аст.

Дар хусуси то кунун вуљуд доштани хурофот андешаҳо гуногунанд. Лек моро ақида чунин аст, ки қисмате аз мардуми мо то кунун пойбанди тафаккури эътиқодӣ буда, аз тафаккури воқеии илмӣ дар канор мондаанд. Барои ташаккули тафаккури воқеии илмӣ моро зарур аст, ки пеш аз ҳама воқеъбин буда, дар маърифати воқеияти моро иҳотанамуда методҳои мухталифи илмии ба таљриба асосёфтаро ба роҳбарӣ гирем.

Дар хусуси он кӣ кадом қишри љомеа бештар хурофотист, ҳамин нуктаро бояд такрор ба такрор бояд ёдовар шуд:  ҳамон қишре, ки камтар китоб мехонаду ҳаводиси табиию љамъиятиро аксаран дар асоси гуфтаҳои дигарон шарҳ медиҳад, бешак хурофотист. Зеро тафаккури илмӣ дар асоси хондани китоб шакл мегирад ва рушд меёбад. Шахсе, ки китоб намехонад, бешак фикр ҳам намекунад ва аз ин љо қобилияти андешаронии ў рушд намекунад. Чунин ашхос маводи шунидаро бетааммулу тааққул ба ҳамсони худ дастрас мекунаду ба интишори хурофот замина мегузорад. 

Дар хусуси он ки хурофот метавонад, ки пайомади мусбат дошта бошад, љавоби мо инкорист. Зеро падидае, ки дар табиати худ манфӣ арзёбӣ мегардад, чӣ тавр метавонад, пайомади мусбӣ ба бор оварад? Падидаи манфӣ ва зарарнок будани хурофот дар он ифода меёбад, ки вай пеши роҳи дурусти инкишофи љомеа, ташаккули шахсияти солим ва рушди тафаккури илмиро мегирад. Пойбандӣ ба хурофот шахсро водор менамояд, ки ба воқеияти имрўза аз доираи арзишҳои қафомондаи асримиёнагӣ баҳогузорӣ намояд. Пойбандӣ ба хурофот на танҳо шахс, балки тамоми миллат ва ҳатто љомеаро вобаста ва дастнигари љомеаҳои ҳаматарафа пешрафтаи љаҳонӣ қарор хоҳад дод. Аз ин нигоҳ, бар муқобили он мубориза бурдан вазифаи ҳар як равшанфикри љомеа аст.

Ба саволион ки онро чӣ тавр бояд решакан намуд, мо муътақидем, ки танҳо бо хондани китоб, пеш аз ҳама ба таври асоснок, муътамад ва ҳаматарафа рушд бахшидани илмҳои табиӣ имкон дорад, ки ҳама гуна тафаккури хурофотӣ решакан гардаду барои рушди тафаккури илмӣ заминаҳои беэътимод гузошта шавад. Қобили зикр аст,  ки аллакай қариб 2 500 сол пеш аз ин  Демокрит тасодуфиятро дар рух додани ҳаводис рад намуда, онро надонистани сабабҳои ҳодисаҳо арзёбӣ намуда буд.  Ба таври илмӣ донистани сабаби ҳама гуна ҳаводиси чӣ табиию чӣ љамъиятӣ ба рушди тафаккури илмӣ мусоидат намуда, ҳама гуна тафаккури эътиқодиро решакан менамояд.       

Љои пўшида нест, ки дар қуруни вусто ба сабаби паст будани сатҳи илму маърифат ва дастраси ҳамагон набудани он хурофот хеле ављ гирифта буд. Маҳз заъфи илму дониш одамонро водор менамояд, ки сабаби ин ё он ҳодисаҳоро бо ҳодисаҳои тасодуфии дигар алоқаманд созанд ва бо ин роҳ ҳисси кунљковии хешро қаноатманд гардонанд. Муҳити ѓайриилмии ҳукмрон боис гардида буд, ки на танҳо пеши роҳи тафаккури илмӣ гирифта шавад, балки муљиби бадбахтиҳои зиёди иљтимоӣ шавад. Тафаккури хурофотии дар муҳити зикршуда ҳукмрон шахсро аз андешаи амиқу васеъ, љустуљўи мантиқӣ ва асосноки сабаби робитаҳо ва ҳодисаҳо боздошта, майнаи сари инсонро танбал, тайёрхўр ва заиф мегардонад. Тафаккури шахс  ба љои  рушд намудан бидуни таҳлилу баррасии амиқ ба андешаи талқиншуда бовар  намуда, аз инкишоф бозмемонад. Дар натиља на як ё ду ҳодиса, балки тамоми ҳодисаҳо аз таҳқиқи воқеъбинонаи илмӣ дар канор мемонанд. Махсусан, ҳолатҳои ба душворӣ ё нокомӣ  гирифторшавии шахс хеле муассир буда, дар муқоиса бо ҳолатҳои фараҳбахшанда ҳалли таъљилиро тақозо менамоянд. Дар чунин ҳол тафаккури заифу нотавон ва ба љавобҳои тайёр одатнамуда ба љои таҳлилу тааммулу тааққули дуруст тез љавоби стереотипшударо қабул намуда, худро бо ҳамин таскин менамояд. Гўё сабабгори нокомӣ ё бадбахтӣ ин ё он предмет ё ҳодисаи ба тозагӣ рухдода бошад. Дар чунин ҳолатҳо тафаккури илмии бо дониши муосир мусаллаҳ ҳодисаҳои мавриди матраҳро дуруст таҳлил  намуда, решаҳои воқеии онро меёбад ва барои пешгирии чунин тасаввуротҳо  назари худро пешниҳод менамояд.

Аз суханрониҳои Пешвои миллат дар Паёми имсола чунин хулоса бароварда мешавад, ки сардори давлат тамоми хусусиятҳо, нозукиҳо ва  бурду бохти фазои маънавии кишварро хеле амиқ омӯхта, барои ислоҳи онҳо дидани чораҳои таъхирнопазирро ногузир мешуморанд.  

Дар ҷомеаи пурталотум ва пуррақобати имрӯза ягона роҳи таъмини хушбахтии воқеии аҳли ҷомеа илму маориф аст, на хурофоту ҷаҳолат. Баръакс, тавассути хурофот ва арзишҳои кӯҳна мо ба таври сунъӣ чархи таърихро ба қафо партофта сабабгори бадбахтии воқеии  миллионҳо мардуми кишварамон хоҳем шуд. Аз ин рӯ, ҳар шахси ватандӯсту меҳанпарастро зарур аст, ки дар партави нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ нишон дода,  ба муқобили хурофоту арзишҳои кӯҳнаи асримиёнагӣ мубориза барад ва чун ниёгони хеш парчами илму маърифатро баланд бардошта, онро роҳнамои ягона ва воқеан ҳам дурусти зиндагӣ қарор диҳад. 

Дар ин самт ҷомеашиносон, олимони соҳаҳои мухталиф, омӯзгоронро зарур аст, ки барои ташвиқу тарғиби улуми табиӣ ба таври љиддӣ  машғул шуда, барои баланд бардоштани парчами фарҳанги миллӣ, ташаккули худшиносии миллии насли ҷавон, тавлиди эҳсоси худогоҳию меҳанпарастии онҳо саҳмгузор бошанд. 

 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика