Хоки одам, ки сириштанд...

Дар дили бехабарон ҷуз ғами олам ғам нест,
Дар ғами ишқи ту моро хабар аз олам нест.
Хоки одам, ки сириштанд, ғараз ишқи ту буд,
Ҳар кӣ хоки раҳи ишқи ту нашуд,одам нест.
Аз ҷунуни ману ҳусни ту сухан бисёр аст,
Қиссаи мову ту аз Лайлию Маҷнун кам нест.
Гар табибон зи пайи доғи ту марҳам созанд,
Кай гузорем,ки он доғ кам аз марҳам нест.
Баски савдои ту дорам, ғами худ нест маро,
Гар аз ин пеш ғаме буд,кунун он ҳам нест.
Ман ки имрӯз ҳалоки дами ҷонбахши туям,
Дами Исо чӣ кунам,чун дами ӯ ин дам нест.
Ғунчаи хурраме аз хоки Ҳилолӣ маталаб,
Ки сари равзани ӯ ҷои дили хуррам нест.

Рӯҳат шод бошад Ҳилолӣ!

Душанбе
,,Маориф ва фарҳанг "

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ
2011с.

Яндекс.Метрика