Рӯзе ҷангал оташ гирифта буд. Харгӯшҳо нав аз хоб бедор шуда буданд ва ваҳшатзада талош мекарданд, ки фирор кунанд.
Бабр мегуфт, ки ман қавӣ ҳастам, ба ҷои дигаре меравам ва дубора зиндагиамро месозам.
Фил худро ба дарё расонида буд ва бо рехтани об рӯйи баданаш худро хунук мекард ва дар фикри гурез буд.
Гургу шағолу рӯбоҳ аллакай ҷангалро тарк карда буданд.
Аммо дар ин миён гунҷишкаке шитобон худро ба дарё мерасонид ва дар минқор об мегирифту сӯйи ҷангал мерафт.
Аз ӯ пурсиданд, ки дар ин вазъияти ногувор ту чӣ мекунӣ?
Гунҷишк гуфт: Об мебарам, то оташи ҷангалро хомӯш намояам.
Гуфтанд: Магар ҳаҷми оташро надидаӣ? Магар ту бо ин минқори кӯчакат оташро хомӯш карда метавонӣ?
Гунҷишк дар посух гуфт: Шояд натавонам оташро хомӯш созам, аммо вақте аз ман мепурсанд, ки замоне ҷангале, ки ватани ту буд ва дар оташ месӯхт, чӣ кор кардӣ? Ман дар посух метавонам бигӯям, ки саҳнаро тарк накардам ва ҳарчӣ дар тавон доштам, анҷом додам...
Аз саҳифаи Хазинаи маърифат