
Таҳти чунин унвон санаи 24 июни соли равон дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумхури Тоҷикистон, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини раиси шаҳри Хоруғ ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ фестивал баргузор гардид. Бо садо додани Суруди миллӣ чорабинӣ оғоз гардид.
Чорабиниро сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Асадбеков Мамадюсуф ҳусни ифтитоҳ намуда , қайд дошт, ки имрўз кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои орому осоишта, сулҳу ваҳдат ба сўи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта, мардуми шарифи диёрамон дар шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо ба меҳнати фидокорона ва созандагиву бунёдкориҳои тоза камари ҳиммат бастааст.Шоистаи зикр аст, ки ташаббусҳои созандаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият намуда истодаанд.
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназарзода Абдулназар ҷавонони минтақаҳои кишвари маҳбубамонро аз номи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хушомадед гуфта , ба муносибати 26- солагии Ваҳдати миллӣ табрик ва муборакбод намуданд.Зимни баромади хеш муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз дошт, ки боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои худ ба ояндасозу парчамбардори миллат будани ҷавонон таъкид намуда, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳоро дар робита ба тарбия ва дастгирии ин қишри ҷомеа таъкид менамоянд. Мусаллам аст, ки Ваҳдати миллӣ Истиқлолият рукни муҳим ва меҳварии давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо буда, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо ба ҳайси арзиши муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ ҳамчунин бо кору фаъолияти созандаи ҷавонони бофарҳангу соҳибирода, хештаншиносу ватандўст иртиботи қавӣ дорад.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ баромад намуда , иброз дошт ,ки имрӯз, давлати мо яке аз чавонтарин, яъне хамагӣ 32 сол дорад, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, комёбиҳои назаррасеро соҳиб гардад.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки пайваста ва доиман оид ба баланд бардоштани рӯҳияи худшиносии миллати тоҷикон дар ин давраи ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва вазъи на он қадар хуби сиёсии ҷаҳон ҳарф мезананд .Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем.
Дар зарфи бисту шаш соли Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари маҳбуби мо таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани амну осоиштагӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаву дастовардҳои назаррас ноил гардид. Воқеан ҳам озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бояд бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона созем ва ин неъмати бузурги миллатро ҳифз намоем афзуд муовини раиси шаҳри Хоруғ Суризода Носир Мурод.
Дар интиҳои чорабинӣ муовини иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Сайфуллозода Давлатшоҳ дар мавзӯи " Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ " баромад намуданд.Қайд гардид, ки пешрафту ободӣ ва рушду шукуфоии ҳар ҷомеа аз суботу оромии давлат ва ваҳдату ягонагии мардуми он вобаста мебошад.Ҷавонони далеру шуҷоъ бо дарки қарзи шаҳрвандии хеш дар назди модар – ватан ва барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ дар кишварамон дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат намуданд ва қисми дигари онҳо дар анҷоми ин қарзи мардонагии хеш ҳастанд.
Маҳз ин ҷавонон бо хизмати хеш дар роҳи таъмини амнияти кишвар ва таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳми арзандаи ҷавонмардии худро гузоштаанд.
Бознашр аз рӯзномаи нигини Хоруғ