ФАРҲАНГ – МУАРРИФГАРИ СИМОИ МИЛЛАТ

«Фарҳанг ҳофизаи таърихии миллатро устувор мегардонад». Эмомалӣ Раҳмон.

Яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он ба шумор меравад. Гарчанде мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ин ҷониб арҷгузорӣ ва эҳтироми хешро ба ҳунару ҳунармандӣ ва анъанаҳои миллӣ пос доранд ҳам, омилҳои ҷаҳонишавӣ хатари аз байн бурдани ҳунарҳои мардумии моро ба миён овардааст. Таърих собит намудааст, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳунарманд буданд ва ҳастанд. 

Мардуми тоҷик аз давраҳои пеш бо одату анъанаҳои хеш дар санъати тасвирӣ, ҳунарҳои халқӣ-меъморӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва ғайраҳо машҳур гардида буданд. Дар асарҳои меъморӣ, ҳунарҳои халқӣ – ҳунармандон бо истифода аз рангу тобишҳои гуногун, арзишҳои миллӣ, табиати зебои кишвар, бойгариҳои моддию маънавӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти худро тасвир намуда, дар рушди фарҳангу маданият, касбу ҳунари мардумӣ нақши муҳим бозидаанд. Мо онро дар асарҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, чӯбкорӣ, кулолгарӣ, дӯзандагии чирадастони тоҷик мебинем, ки Тоҷикистонро ба ҳунару касби худ дар дунё муаррифӣ менамоянд, ба рушди тахайюлоти эҷодии кӯдакону наврасон таъсир расонида, онҳоро ба эҷодкорию созандагӣ даъват менамоянд.

Баргузории идҳо, ки аз қадим ба мо мерос мондаанд, шакли махсуси ифода намудани қаноатмандии якҷояи мардум дар қонеъ гардидани талаботи моддию маънавии хеш аст. Пайдоиш, мазмун ва арзишмандии идҳоро истифодабарии арзишҳои моддию маънавӣ, натиҷагирӣ аз фаъолияти меҳнатӣ ва маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоию фарҳангии ҳар як давру замон муайян мекунад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун раҳнамои оқили миллат тавонистанд, ки фарҳангро ба як омили таҳкимбахши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ табдил диҳанд. Маҳз бо таъкиду дастурҳои ин шахс, сол ба сол дар ҷумҳурӣ шумораи чорабиниҳои фарҳангию маданӣ зиёд мешавад, ки намояндагони ҳама минтақаҳои кишварамонро гирди ҳам меоварад.

Аз иқдомоти наҷибонаи Пешвои миллат аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ пайваста фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор мегарданд ва ҳамчун мактаби бузурги тарбияи фарҳангии наврасону ҷавонон, натиҷаҳои мусбат ба бор меоранд.

Аз ташаббусу бунёдкориҳои Пешвои миллат аст, ки имрӯз як қатор анъанаву суннатҳои мардумӣ ва фарҳангӣ шомили Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ҳамчун мероси фарҳангӣ қабул гардидандва симои миллатамон дар арсаи ҷаҳонӣ баромад мекунанд.

Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, моддию маънавӣ ва бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузоштани дастовардҳои он, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшиносу худогоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика