Баҳсҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тадриҷан то ҳадде тезутунд гардиданд, ки ахиран ба задухӯрдҳои мусуллаҳона оварда расониданд. Ҷониби Қирғизистон дар тамоми расонаҳо ҷониби Тоҷикистонро гунаҳгор ҳисобида, худро бегуноҳ ва зарардида эълом медорад. Аз як тараф, ҳисси кунҷковӣ, аз тарафи дигар, тафаккури ҳақиқатпарастона ҳар шахси адолатпешаро водор менамояд, ки ба раванди баҳсҳои марзӣ баҳои воқеъбинона диҳад.
Мақолаи Абдулло Раҳнамо зери унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?» ба масъалаи баҳсҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дахл намуда, воқеиятро хеле воқеъбинона, боадолатона ва бо далелҳои муътамади таърихӣ ифшо сохтааст. Маълум мегардад, ки ҳудуди ниҳоят калони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 211 ҳазор гектар имрӯз дар ихтиёри Ҷумҳурии Кирғизистон қарор дорад. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳангоме ки понздаҳ ҷумҳурӣ муттаҳид гардида, як давлати мутамарказро ташкил менамуданд, ҷониби Қирғизистон барои самаранок пешбурдани ҳаёти ҳоҷагии халқ пайваста хоҳони заминҳои Тоҷикистон гардидааст ва мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарияти баъзе соҳаҳо дар Тоҷикистон, чун якҷоя бо Қирғизистон давлати ягонаро ташкил менамуданд, хоҳиши онҳоро ба ҷо овардааст. Яъне, интиқоли ин ҳудуди калон дар сатҳи ризогии роҳбарияти минтақаҳои сарҳадӣ ва ё роҳбарияти соҳаҳо сурат гирифтаасту дар сатҳи мақомоти олии давлатӣ ҳаллу фасл нагардидааст. Пас, мантиқан баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ заминҳои интиқолёфта бояд пасгардонида шаванд. Аммо ҷониби Қирғизистон бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ он заминҳоро баргардониданӣ нест. Илова ба ин, бидуни розигии тарафи муқобил бар хилофи меъёрҳои байналмилалӣ интиқоли заминҳоро дар сатҳи мақомоти олии давлатӣ асоси «ҳуқуқӣ» бахшидааст. Моҳиятан заминҳои интиқолёфта имрӯз заминҳои аз тарафи Қирғизистон ғасбшуда маҳсуб меёбанд.
Акнун имрӯз дар баҳсҳои марзӣ ҷониби Тоҷикистон он харитаеро ба асос мегирад, ки дар солҳои 1924-1926 тасдиқ шуда буд ва ҷонибҳо онҳоро пазируфта буданд. Яъне, харитаи мазкур асоси ҳуқуқии қавӣ дорад. Аммо ҷониби Қирғизистон дар баҳсҳои марзӣ меҳоҳад он ҳуҷҷатҳоеро ба асос гирад, ки хусусияти соҳавӣ ё байниминтақавӣ доранд ва онҳо барои тақсимоти марзӣ асоси ҳуқуқӣ буда наметавонанд. Зеро тарафи муқобил дар сатҳи мақомоти олии давлатӣ ин интиқолро тасдиқ накардааст.
Ҳамин тавр, ҷониби Қирғизистон комилан аз доираи манфиатҳои ҳудудии худ ба масъала назар андохта, на меъёрҳои ҳуқуқии ИҶШС, ки дар таркиби он буд, ба инобат мегирад ва на талаботи розигии тарафайн дар тақсимоти ҳудудӣ дар сатҳи олии давлатӣ. Илова ба ҳамаи ин, ҷониби Қирғизистон аз ҳисоби заминҳои Тоҷикистон вилояти нави Боткандро ташкил намуда, ба он ҷо кӯч баста муқимӣ гардидани мардуми қимрғизро аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонида истодааст. Ва чизе, ки дар ин самт ташвишовар аст, онҳоро ҳатто бо силоҳҳои отшфишон мусаллаҳ низ намуда истодааст. Яъне, ҷониби Қирғизистон заминҳои Тоҷикистонро ғасб намуда, барои барнагардонидани онҳо ба ҷанг омодагӣ дида истодааст.
Воқеан ҳам хеле тааҷҷубовар аст, ки мардуми қирғиз пайваста дар фикри васеъ гардонидани ҳудуди худ аз ҳисоби заминҳои бегона мебошанд ва барои пиёда намудани ин нақшаи истилогаронаи худ роҳу усулҳои мухталифро роҳандозӣ менамоянд. Ин амалкарди онҳо дар қарни 20 чандин маротиба сурат гирифтааст. Дуруст аст, ки ҷониби Тоҷикистон низ қисмате аз заминҳои Қирғизистонро дар минтақаи Мурғоб ба иҷора гирифта буд. Аммо ҷониби Тоҷикистон он заминҳоро баъди адо шудани муҳлати иҷора пасгардониданд. Аз чӣ бошад, ки барои ҷониби Кирғизистон чунин сифат хос нест.
Акнун хонанда худ бояд қазоват намояд, ки кӣ истилогар асту кӣ зарардида.
Шуъбаи иттилоот ва ташхис Кароматулло А.