Уқлидус ҳудуди 300 сол пеш аз мелоди Масеҳ зиндагӣ мекардааст ва ӯро падари илми ҳандаса (геометрия) медонанд. Ӯ юнонӣ ва нависандаи муваффақтарин китоби дарсии таърихи "Усул" (Elements) аст.
Китоби "Усул" 13 мақола ва 465 қазия роҷеъ ба ҳандаса, назарияи аъдод ва ҷабри муқаддимотӣ (алгебраи аввалия, элементарная алгебра) дорад. Дар китоби "Усул", Уқлидус ҳама дастовардҳои пешиниён дар ҳандасаро гирд оварда ва ба шакли нав назм бахшида ва аз худ низ чизҳое ба он афзудааст. Афзун бар ҳандасаи мусаттаҳа, фаслҳое аз китоб ҳам ба ҷабр (алгебра), назарияи аъдод ва ҳандасаи фазоӣ ихтисос ёфтааст.
Уқлидус ба маънии калиди ҳандаса аст. "Уқлӣ" ба забони юнонӣ ба маънии калид ва "дас" ба маънии ҳандаса аст.
Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ