Т А Ъ З И Я

Роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвари барои мо дӯсту бародар ва яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Федератсияи Россия бинобар ҳамлаи террористии шаби 22-юми марти соли 2024 дар маҷмааи консертии “Крокус Сити Холл”-и Маскав, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани садҳо нафар сокинони ин кишвар гардид, ҳамдардии амиқ баён менамояд.

Мо ин амали террористиро қотеъона маҳкум менамоем.

Мусаллам аст, ки амалҳои террористие, ки дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон рух медиҳад боиси нигаронии роҳбарияти мамлакат ва мардуми Тоҷикистон мебошад. Ба хусус, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ҳамеша фикру пешниҳодҳои худро ошкоро баён карда, дар муқовимат бо терроризми байналмиллалӣ омодагии кишварамонро дар самти ҳамкориҳои муштарак бо шарикони ҷаҳонӣ изҳор намуда, яке аз роҳбарони пешоҳанги давлатҳое мебошад, ки вобаста ба масоили мубориза ва ҳодисаҳои террористии дар гӯшаҳои гуногуни олам рухдода, вокуниш нишон медиҳад.

Аз ҷумла, вобаста ба ин ҳодисаи даҳшатафкан, ки боиси марги зиёда аз сад нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ гардид, аз зумраи аввалин роҳбарони давлатҳои ҷаҳон ба унвонии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин номаи ҳамдардӣ ирсол намуд, ки далели дар ин лаҳзаҳои мудҳиш ҳамдарду ғамшарики мардуми Россия будани миллати тоҷик аст.

Дар ҳоле, ки аз амалҳои террористӣ ягон кишвари олам эмин буда наметавонад ва тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд; "Террорист Ватан, миллат ва мазҳаб надорад", аммо мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ин гуна амалҳо, аз ҷумла, ҳодисаи шоми 22 - юми марти соли равон дар Федератсияи Россия ба амал омадаро ба хотири ғаразҳои худ дигаргуна бозтоб медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯзҳо шаҳрвандони зиёди кишвари мо ба ҳайси муҳоҷири корӣ дар Россия фаъолият пеш мебаранд ва иттилои носанҷидаву носаҳеҳ боиси тафриқаандозиву гуногунандешии манфӣ нисбат ба шаҳрвандони мо мегардад.

Бинобар ин, умеду боварӣ дорем, ки корҳои тафтишотӣ ҷиҳати ошкор ва ҷазои сазовор додани дастандаркорон ва ҷинояткорони аслии ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти қудратии Федератсияи Россия дақиқан ва мушикофона анҷом меёбад. Новобаста ба ин гуна падидаҳои номатлуб, ки иддае аз гурӯҳҳо мехоҳанд ба муносибатҳои байни Тоҷикистону Россия таъсири манфӣ расонанд, аммо боварии комил дорем, ки мардуми Тоҷикистон ва Россия бо роҳнамоиву ҳидоятҳои роҳбарони кишварҳои худ минбаъд низ дӯсту тифоқ ва шарики стратегӣ боқӣ мемонанд ва ин риштаҳои дӯстии тӯли садсолаҳо идомаёфта, алалхусус дар солҳои соҳибистиқлоли пайвандгардидаи мо ногусастанист.

Зеро дар баробари шарики муҳими стратегӣ будани Тоҷикистон ва Россия мо шаҳрвандони ду кишвар азм дорем, ки дар муқовимат бо душманони хеш аз як гиребон сар бароварда, ба хотири решакан намудани гурӯҳҳои террористӣ сарҷамъона мубориза бурда, ҳама гуна амалҳои террористиро маҳкум менамоем.

Мо ғамшарикем бо мардуми Россия.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика