
Зимни сафари корӣ ба шаҳри бостонии Панҷакент ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ, ба сокинони шаҳри Панҷакент 4 адад нақлиёти муҷаҳҳази ёрии таъҷилии тиббӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисӣ, аз ҷумла дастгоҳи рақамии рентгенӣ, таҷҳизоти ташхиси ултрасадоӣ, дастгоҳи ташхисии узвҳои нафас ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ тӯҳфа карда шуд.
Сокинону кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент барои туҳфаҳои арзишманд ва ғамхории ҳамешагӣ изҳори сипос намуданд.
Бознашр аз сомонаи president.tj