Ҷашни Тиргон ба монанди Наврӯз, Меҳргон ва Садда яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор буда, аз замонҳои қадим дар миёни ин мардумон бо шукуҳ ҷашн гирифта мешуд. Оиди ин ҷашн дар сарчашмаҳои илмӣ маълмотҳои зиёде ба тариқи достону ривоятҳо нақл шудаанд. Дар гузашта ин ҷашн миёни мардумони ориёӣ бо шукуҳу шаҳомат ва шавқу шури бениҳоят таҷлил мегардид. Вале бо сабабҳои гуногуни таърихӣ дар марҳилаҳои гуногун арзишҳои илмию фарҳангии ин ҷашн ба гушаи фаромушӣ супурда шуд ва аз он фақат маросиму одатҳое боқӣ монд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои гуногуни сарзамини тоҷикону эрониён сурат мегирад.Дар гузашта мардумони ориёӣ ҷашни тиргонро дар рӯзи сездаҳуми тир баргузор мекарданд ва оғози ин ҷашн аз рӯзи тир ва аз моҳи тир буда, ба муддати 9 рӯз таҷлил карда мешуд.
Дар мавриди фалсафаи чашни меҳргон ду ривояти ҷолиб аст. Ривояти аввал марбут ба қаҳрамони миллии ориёиҳо Ораш аст, ки он дар миёни мардумони ориёӣ беҳтарин камонвар шинохта шудааст. Муҳтавои ин ривоят аз он иборат аст, ки дар замонҳои қадим миёни Эрониён ва Турониён солҳои зиёде ҷагу ситезаҳо буд. Дар набарди баёни Афросиёб ва манучеҳр шоҳи Эрон, сипоҳи Эрон шикаст мехурад ва ин воқеъа дар рӯзи аввали тир сурат мегирад. Дар гузашта ин рӯз барои Эрониён рӯзи азои миллӣ буд. Ҳангоме, ки сипоҳи Эрон дар Мозандарон ба тангно меафтад саранҷом ҳарду тарафи муқобил ба созиш мерасанд, ки марзи миёни ду кишвар муаян карда шавад, то ин ҷангу ситезаҳо хотима ёбад. Онҳо ба чунин хулоса омаданд, ки аз мозандарон тире ба сӯи шарқ партофта шавад ва ҳарҷо, ки тир фуру омад ҳамон ҷо марзи ду кишвар бошаду ҳеҷ яке аз ин ду кишвар аз он марз фаротар наравад. Дар ин ҳангом буд ки фариштаи замин исфандёрмуз падидор шуд ва фармон дод тиру камон оварданд. Фариштаи замин ба Ораш, ки дар миёни ориёиҳо аз ҳама камонвари машҳур буд ва ба нерӯи бемислаш тирро дуртар аз ҳама партоб мекард, дастур дод, ки камон бардорад ва тире ба сӯи Шарқ партоб кунад. Ораш донист, ки паҳноии кишвари Эрон ба нерӯи бозу ва тири у вобаста аст ва бояд тамоми тавони худро сарф кунад, то тираш дуртар партофта шаваду паҳноии кишвараш васеътар гардад. Ораш худро омода кард ва урён шуда, баданашро ба шоҳу сипоҳиён намудор карда гуфт, ки бинед ман тандурустам ва дар баданам ҳеҷ нуқсе вуҷуд надорад. Вале модонам, ки чун тир аз камон берун кунам тамоми неруям аз бадан ҳамроҳи тир хориҷ хоҳад шуд. Онгоҳ Ораш тиру камонро бардошт ва ба баландии куҳи дамованд баромад ва ба нерӯи худодоаш тирро раҳо кард ва худ беҷон шуда ба замин афтод. Дар ин ҳангом Ҳурмуз ба фариштаи бод фармон дод, то тирро аз осеб нигаҳбон бошад. Тир аз субҳ то нимарӯз дар осмон мерафт ва аз куҳу дашт мегузашт, то дар канори рӯди Ҷайҳун бар танаи дарахте, ки бузургтар аз он дар ҷаҳон набуд нишасту фуру рафт. Онҷоро марзи Эрону Турон эълон карданд ва ҳар сол бо ёди он ҷашн гирифтан, ки дар миёни мардумони ориёӣ бо номи ҷашни Тиргон маъмул аст
Ривояти дуввум дар мавриди пайдоиши ҷашни Тиргон ба фариштаи борон-Тиштар марбут буда набарди миёни некӣ ва бадиро инъикос менамояд. Фариштаи борон Тиштар дар даҳ рӯзи аввали моҳ ба сурати ҷавони понздаҳсола дар меояд ва дар даҳ рӯзи дуввум ба сурати гов ва дар даҳ рӯзи саввум ба сурати асп медарояд. Тиштар ба шакли аспи зебои сафеди заррингуше бо созу барги заррин ба дарёи кайҳонӣ фурӯ рафт. Фариштаи борон дар онҷо бо деви хушксолӣ - Апуш, ки шакли аспи сиёҳе буду ҳайбати ваҳшатнок дошт рӯ ба рӯ шуд. Онҳо ба муддати се шабонарӯз бо якдигар ба набард пардохтанд. Дар ин набард фариштаи борон шикаст мехурад ва ба назди худои бузург омада аз вай кумак металабад ва ин бор бо ёрии Худои бузург ба аҳримани хушксолӣ пирӯз мешавад. Бо пирӯзии вай обҳо дубораи ба чарогоҳо ва кушаву канор замин ҷорӣ мегарданд
Ҷашни Тиргон ба монанди дигар ҷашнҳо дорои суннату маросимҳои гуногун мебошад. Аз ҷумлаи маросимҳои роиҷ дар ин ҷашм метавон маросими обпошӣ, фолу куза, ва дастбанди тиру бодро ном бурд.Яке аз маросимҳои ҷашни Тиргон обпошӣ аст. Аз ин хотир ҷашни тиргон дар канори обҳои соҳили дарё сурат гирифта мардум дар ин айём бо шодмонӣ бар сару рӯи якдигар обпошӣ мекарданд.
Дигар аз маросимҳои ҷашни Тиргон ин фолу куза мебошад. Як руз пеш аз ҷашни Тиргон дӯшизаҳо интихоб шуда, кӯзаи сафоли сабзрангу даҳонкушоде ба у медиҳанд, ки дула ном дорад. У ин зарфро аз оби покиза пур мекард ва як дастмоли сабзи абрешимиро бар рӯи даҳони он меандозад ва онгоҳ онро назди ҳамаи касоне мебурд, ки орзуе дар дил доранду дар ин маросим ширкат кардаанд. Онҳо ангуштарӣ, гушвор, сикка ё монанди инҳоро дар оби зарф меандозанд. Сипас духтар дуларо ба зери дарахти ҳамешасабз ба монанди Сарв мебурд ва дар он ҷо мегузошт. Дар рӯзи ҷашни тиргон ва пас аз маросими обрезон, ҳамаи касоне, ки дар зарф ҷисме андохтаанд ва умеди амалӣ гашдани орзуашонро доранд, дар ҷое гирди ҳам меомаданд ва душиза зарфро аз зери дарахт назди ҷамъшудагон меовард. Дар ин фолгирӣ бештар бонувон ширкат мекарданд ва солхурдагон бо садои баланд бо навбат шеърхонӣ мекарданд. Духтарон дар поён бо навбат дасти худро ба зарф андохта яке аз чизҳоро аз даруни зарф берун меорад. Ба ин тартиб соҳиби он ҷисм мутаваҷҷеҳ мешавад, ки шеъри хондашуда марбут ба нияту орзуи у аст.
Дигар аз маросими ҷашни Тиргон ин дастбанди тиру бод буд. Дар оғози ҷашн баъд аз хурдани ширинӣ банде бо номи тиру бод, ки аз ҳафт ресмон ба ҳафт ранги гуногун бофташудааст ба даст мебанданд. Дар бодрӯзи аз тирмоҳ (9 руз баъд) ин бандро боз карда, дар ҷои баланди монда онро ба бод месупоранд, то орзуҳояшонро ба унвони паёмрасон ба ҳамроҳ барад. Хангоми анҷоми ин кор ширкаткунандагон шеъри зеринро мехонданд:
Тир бирав, бод биё,
Ғам бирав, шодӣ биё.
Меҳнат бирав, рӯзӣ биё,
Хушаи марворӣ биё.
Бояд гуфт, ки ҷашни Тиргон дар ҳамаи минтақаҳо дар як вақт гузаронида намешад. Аммо дар сарчашмаҳои илмии мардумони эронитабор баргузории ҷашни тиргонро даҳуми тирмоҳ нисбат медиҳанд. Аммо дар баъзе минтақаҳо сездаҳуми тирмоҳ ҷашни тиргонро дар дамованд барпо мекарданд.
Дар фарҳанги мардуми эронитабор ҷашни тиргонро дар рузи оғози тобистон ва бештар дар ситоиш аз гандум ва ба унвони ҷашне барои бардошти гандум баргузор мекарданд. Дар ҷойҳои дигаре мисли Мозандарон Тиргон ба тирмоҳ сездаҳшаб маъруф аст ва дар шаби сездаҳум ин ҷашн баргузор мешавад. Дар минтақаи урдуҳоли Эрон мардум ҷашни тиргонро дар сездаҳуми меҳрмоҳ ҷашн мегиранд. Мардуми Маҳдишаҳр ин ҷашнро бо номи «Тирмуи сездаҳ» ва дар рузи 22 обонмоҳ барпо мекунанд. Онҳо ҳангоми анҷоми ин маросим хурокии махсусе бо номи сездаҳтому мепазанд.
Ин маросимҳо унсурҳои аслии ҷашни Тиргон, ки яке аз ҷашнҳои бошукуҳи ниёгонамон ориёиҳо мебошад. Аз ин рӯ дар шароити имрӯза, ки авҷи раванди ҷаҳонишавиро дар пай дошта, боиси азбайн рафтани арзишҳои миллӣ ва дар маҷмуъ ба нестшавии фарҳанги миллатҳо оварда расонидааст, ҳифзи ин арзишҳои миллӣ, ки ҷузъи муҳими фарҳанги миллиамон мебошад хеле зарурӣ мебошад. Ин нуктаро дарк карда ҳукумати кишвар бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ бо қабули барномаҳои гуногун мекушад, то ин арзишҳои миллию фарҳангиамон аз нав эҳё ва ҳифз карда шуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад.
Фотимаи Шерафкан – мутахассиси шӯъбаи пажӯҳиши анъанаву ҷашну маросим ва диншиносии муқоисавӣ.