Қисми 1: Мундариҷаи мафҳумҳои “дин” ва “диндор”
Дар зерматни раванду ҳодисаҳои дунявии замони ҳозира ва эътирози иддае аз донишмандони исломии ифротӣ ба диндории мардум таҳқиқи мундариҷаи мафҳумҳои «дин» ва «диндор» мубрам ва саривақтӣ маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам, воридшавии босуръати илму технологияи ҷадид ба ҳаёти моддӣ ва маънавии одамон, ки онро раванду ҳаводиси дунявӣ ҳамроҳӣ менамоянд, ба тарзи ҳаёти мардуми диндор таъсири назаррасе расонидааст. Дунболагирии ҳадафҳои дунявӣ ва талоши ҳамқадами замон будан дар пайвастагӣ бо мутобаатӣ ба қонуниятҳои сармоядории рушди ҷомеа иҷрои иддае аз талаботҳои диниро барои диндорон дуюмдараҷа гардонидааст. Новобаста ба равандҳои зикршуда аксари бештари аҳли ҷомеа пайравии худро аз дин пайваста таъкид сохта, баъзе аз талаботҳои диниро риоя менамоянд, агарчанде на ҳамаи иҷроиши талаботҳои динӣ сифатӣ анҷом меёбад. Бинобар ин, таҳқиқи мундариҷаи мафҳумҳои «дин» ва «диндор» мубрам буда, ба равшанӣ афкандан ниёзманд аст.
Зарурат ба таъкид аст, ки масъалаи мазкур мураккаб буда, хеле пургиреҳ аст. Мураккабӣ ва пургиреҳии масъала дар он ифода меёбад, ки дар як таъриф ба инобат гирифтани тамоми унсурҳои дин, ки инъикоскунандаи мундариҷаи он бошад, ғайриимкон аст. Аллакай муҳаққиқи маъруфи динҳои ибтидоӣ Э.Б.Тайлор масъалаи мазкурро ба миён гузошта, кҷшиш намуда буд, ки барои муайян намудани мафҳуми дин меъёреро бояд ба асос гирад. Аз ҷумла, ӯ навишта буд: «Зимни омӯзиши системаноки динҳои ҷомеаҳои ибтидоӣ аввалин чизе, ки зарур мебошад, - ин таърифи худи дин аст. Агар барои ин таъриф боварӣ ба Худои олӣ ё ҷазои баъд аз марг, парастиши бутҳо, одатҳои қурбонӣ кардан ё ягон таълимоту маросими каму беш паҳншударо асос бигирем, дар ин ҳол мо маҷбур мешавем, ки як идда қабилаҳоро аз категорияи диндорон хориҷ намоем. Аммо чунин таърифи маҳдуд чунин камбудӣ дорад, ки вай динро на бо афкори амиқе, ки асоси онро ташкил менамояд, балки бо зуҳуроти ҷузъии эътиқодҳо айният медиҳад. Аз ҳама бештар ба мақсад мувофиқ аст, ки ба сифати ҳадди ақалли таърифи дин бевосита боварӣ ба мавҷудоти рӯҳӣ пазируфта шавад» [Тайлор Эдуард Бернетт. Первобытная культура. М.: изд. полит. литер. 1989., с. 210].
Бояд таъкид намуд, ки худи масъалаи муайян намудани меъёр барои таърифи дин хидмати бузурги Э.Б.Тайлор аст. Аммо ба сифати меъёр танҳо «боварӣ ба мавҷудоти рӯҳӣ» - ро пазируфтан шомили чунин камбудист, ки дар он диният ноайён мемонад. Яъне, дар таъриф ҳеҷ навъи амале, ки ин «боварӣ» - ро собит кунад, ба чашм намерасад. Ба қавли дигар, чӣ тавр бояд муайян намуд, ки чунин навъи боварӣ вуҷуд дорад. Сониян, аз он «бовар» чӣ суде, чун ба шахс бетаъсир аст ва ё худи шахси диндор ҳастии он мавҷуди руҳиро дарк намекунад.
Омӯзиши эътиқодҳои қадимаи мардумони ҷомеаҳои ибтидоӣ ва ҳатто огоҳӣ бо мундариҷаи Қуръон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки барои диндорӣ таъсири мусбӣ ё манфии мавҷуди фавқукттабиӣ ба ҳаёти инсон ҳатмист. Дар робита ба андешаи баёншуда дар Қуръон дар сураи «Фурқон», ояти 3 омадааст: «Ва (кофирон) ба ҷуз Худо маъбудонеро гирифтанд, ки чизе намоеофаринанд ва худашон офарида мешаванд ва барои хеш зиёне [бардошта] ва суде [расонида] наметавонанд; ва бар маргу зиндагонӣ ва барангехтан молик нестанд». Агар ба муҳтавои ояти мазкур, ки хоси тасаввуроти динии садаи VII аст, таваҷҷӯҳ кунем, мебинем, ки дар он се унсури объекти эътиқод чун меъёр қайд шудаанд: офаридгор будан, зиён ё нафъе расонида тавонистан ва қодир будан ба маргу зиндагонӣ ва эҳёи баъд аз марг. Яъне, тасаввуроти мазкур тасаввуроти то дини ислом ҳукмронро дар бораи сазоворӣ ба парастиш ботил сохта, меъёри навро пешкаш намудааст. Маънои мазкур ва ё ба он шабеҳ дар бисёр оятҳои Қуръон, аз ҷумла сураи “Анъом”, ояти 65, сураи “Аъроф”, ояти 188 ва ғайра зикр шудааст.
Ҳамчунин Эрих Фромм динҳоро ба динҳои худкома ва инсонпарвар тақсим намуда, менависад, ки «Луғати Оксфорд» кӯшиш кардааст, ки ба дин дар умум таъриф диҳад, аммо он ба дини худкома таъриф пешниҳод намудааст: «Дин аз тарафи инсон эътироф карда шудани ким-кадом нерӯи олии диданашаванда аст, ки идоракунандаи тақдири ӯст ва аз он итоат, парастиш ва ибодатро тақозо менамояд» [http: // predanie. Ru/ book / 220202-psihoanaliz-i-religiya/ Санаи мурољиат: 25.11.2023].
Э. Фромм таърифи мазкурро шарҳ дода истода, қайд менамояд, ки дар он ба чунин маъно таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст, ки инсонро нерӯи олии дар хориҷи ӯ истода идора менамояд. Ба андешаи мутафаккир он нерӯро чунин ғоя худкома месозад, ки он ваколатдор аст, ки боз «итоат, парастиш ва ибодат» - ро низ тақозо намояд. Э. Фромм ин ҷо калимаи «ваколатдор аст» - ро махсус қайд намуда, таъкид сохтааст, ки сабаби итоат, парастиш ва ибодат на сифатҳои ахлоқии худо, на муҳаббат ва адолат, балки чунин омил аст, ки он ҳукмрон аст, яъне аз болои инсон ҳокимият дорад. Илова ба ин, ин вожа чунин маъно дорад, ки нерӯи олӣ ҳақ дорад, ки инсонро барои ибодат намудан водор намояд. Амали саркашӣ намудан аз парастиш маънои гуноҳ содир намуданро ифода менамояд. Унсури муҳими дини худкома ё таҷрибаи динии худкома таслими пурра дар назди нерӯҳоест, ки берун аз инсон воқеъ аст. Сифати асосии ахлоқии ин дин фармонбардорӣ буда, сифати бади он саркашӣ кардан аст. Ба ҳамон андозае, ки худо муқтадир ва ҳамадон бошад, ба ҳамон андоза инсон заиф ва ночиз аст ва ба лутф ё кӯмаки Худо танҳо дар ҳолати итоати пурра даст ёфта метавонад. Ба ҳокимияти қавӣ фармонбардор будан яке аз роҳҳое маҳсуб меёбад, ки инсон аз танҳоӣ ва маҳдудӣ худро ба канор мегирад. Дар амали таслимшавӣ вай мустақил ва яклухту том будани худро ҳамчун фард аз даст медиҳад, аммо гӯё ба ҷузъи нерӯи лутф талқинкунанда табдилёфта, эҳсоси дар ҳимоя буданро касб менамояд [http: // predanie. Ru/ book / 220202-psihoanaliz-i-religiya/ Санаи мурољиат: 25.11.2023].
Дар дурустии шарҳи Э. Фромм ба таърифи пешниҳодшуда шакке нест. Вай ҳам моҳияти дин ва ҳам ҳувияти шахсияти диндорро, ки аз муносибати ӯ ба объекти эътиқод бармеояд, хеле воқеӣ инъикос намудааст. Тафсири Э. Фромм бевосита мақоли халқии «Худо дорам, чӣ парво дорам» - ро ба ёд меорад. Инсони муътақид дар зеҳни худ муттакои пурқудратеро ҷой дода, бо ҳамин тамоми масъулият ва бурду бохти зиндагиро ба дӯши Вай таҳмил менамояд. Агар матлабро мушаххастар баён намоем, ин тарзи муносибатро худи моҳияти объекти эътиқод тақозо менамояд. Ба қавли дигар, шахси воқеан диндор бояд пурра дар зери фармон ва итоати Худо бошад. Шахсе, ки чунин талаботро намепазирад, пас вай диндор нест, зеро напазируфтани талаботи мазкур маънои онро дорад, ки вай ҳокимияти Худоро аз болои худ рад кардааст.
Ҳамин тариқ, моҳияти таърифи пешниҳоднамудаи Э.Фромм дар хусуси дин ва диндор дар он ифода меёбад, ки шахси воқеан диндор чун манқурт бояд пурра дар ҳамаи самтҳои фаъолияти худ бо таълимоти дин идора шавад.
Дар зерматни талаботи муайяннамудаи Э. Фромм барои «дин» ва «диндор» саволе пеш меояд, ки магар дини имрӯза ва ё диндории имрӯза ба он ҷавобгӯ мебошанд?
Идома дорад.
Абдухалилзода К.А.